Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Қазон — Оренбург, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Аз фавтидагон Шерзод Сабуров, сокини 22-солаи ноҳияи Деваштич, Комрон Давлатмадзода, сокини 20- солаи ноҳияи Муъминобод ва Муҳандис Ҷонов, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ном мебаранд.
Сомонаи «lenta.ru» хабар медиҳад, ки ҳодиса рӯзи 21-феврали соли равон, тақрибан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, мошини «Тайота», ки дар дохилаш панҷ ҷавони зодаи Тоҷикистон будаанд, ба «Мазда» бархурдааст, ки дар натиҷа се мусофири «Тайота» ва ронандаи «Мазда» дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ду шаҳрванди 25 ва 20-солаи дигари Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба шуъбаи эҳёи беморхонаи Абдулинск интиқол дода шудаанд.
Додситонии Оренгбург тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст. Ҷузъиёти дигари садама маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони фавтидагон ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳодиса дар наздикии марзи Қазоқистон рух додааст ва Шерзод Сабуров ронандаи мошине буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро баъди убури марзи Қазоқистон дубора ба маҳалли корашон мебурд.
Манбаъ гуфт, Сабуров чанд соли охир дар ин кишвар мусофиркашонӣ мекард ва ҳамроҳи ҳамсару 1 кӯдакаш дар Русия зиндагӣ мекарданд. Дар бораи қурбониҳои дигари ин садама маълумот дарёфт нашуд.

Ҷасади онҳо рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳашон ба хок супорида мешавад.
Ҳамасола даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳодисаҳои гуногун, аз ҷумла садамаҳои нақлиётӣ, тасодуф дар сохтмон, беморӣ дар Русия ҳалок ва ҷасади онҳо ба ватан оварда мешавад. Ҳодисаҳое ҳам ҳаст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз дасти миллатгароёни рус кушта мешаванд.
Аз ҷумла, тақрибан ду моҳ пеш ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки дар Русия аз бӯйи газ ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон оварда дар зодгоҳашон деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд.
Пештар аз ин пайкари хунолуди Қобилҷон Алиеви 10-соларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.
Соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ҷасади беш аз 1 ҳазору 600 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум беш аз 400 тобут бештар аст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)