Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд
Намояндагони 6 ширкати Қатар, ки фаъолияти худро зери ширкати «Jusour» (Qatar Manpower Solutions Co.) муттаҳид мекунанд, бо корҷӯёни тоҷик аз наздик вохӯрда, аз миёни онҳо коргар қабул мекунанд. Дар ин бора аз Оҷонсии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнати кишвар ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфтанд, рӯзҳои 25, 26 ва 27-уми январ намояндаҳои ин ширкатҳо бо корҷӯёни тоҷик мусоҳиба баргузор мекунанд.
Қабули довталабон дар ин рӯзҳо аз соати 9:00 (рӯзи аввал соати 10:00) то 17:00 дар бинои Вазорати меҳнати Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2-и шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, ба ширкатҳои қатарӣ корманди сохтмон, ронандаи таксӣ, автобус ва мошини боркаш, пешхидмат, меҳмондор, ошпаз, фаррош, корманди фурудгоҳ, хазинадор, механик, дуредгар, кафшергар, корманди барқ ва роҳу нақлиёт лозим аст. Маош барои ин корҳо аз 500 то 2000 доллар гуфта мешавад.
Талабот барои ширкат дар суҳбат чунин аст:
— ҳозир шудан бо либоси расмӣ (шиму костюм, гарданбанд ва пойафзоли класикӣ);
— синну соли аз 21 то 45 — сола;
— донистани забони англисӣ (вобаста ба вазифа ва сатҳи он);
— доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (дар самти нақлиёт);
— надоштани доғи судӣ;
— пешниҳоди дархост, аз ҷумла, шарҳи ҳоли то рӯзи 24-уми январ ба Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа (бинои 80-и кӯчаи Лоҳутии ш. Душанбе).
Аз ин ниҳод гуфтанд, хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар тариқи ин рақамҳо тамос гиранд: 221-39-67, 221-39-83, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 930 934 994.
Бояд гуфт, ки давоми соли 2025 беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Қатар рафтаанд. Ҳамчунин, маълумотномаи 1 ҳазору 500 тоҷикистонӣ барои кор дар ин кишвар пешниҳод шудааст.
Мақомот мегӯянд, ки Қатар дар як сол зарфияти қабули 3 ҳазору 500 муҳоҷир аз Тоҷикистонро дорад. Аммо бо сабаби маоши паст ва талаби донистани забони англисӣ шаҳрвандони кишвар ба кор дар ин кишвар кам таваҷҷуҳ доранд.
Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)