< Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
​Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ сол ба сол афзуда, бобати фароҳам овардани шароити муносиби корӣ  барои табибон ва беҳбуди саломатии ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бунёди чунин иншоот ба беҳтар гардидани фаъолияти кормандони тиб ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд».

Бинои нав бо таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин буда, барои баргузории ҷаласаю машварат ва фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоид фароҳам меорад. Изҳори умед карда шуд, ки ин иқдом ба рушди инфрасохтори тандурустии шаҳр мусоидат менамояд.

Зимни ҳамоиш  аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи тандурустӣ, сохтмончиён ва фаъолон «Сипоснома» тақдим карда шуд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий