Фармони афзоиши маошу нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд. Акнун кӣ чӣ қадар мегирад?
Тибқи фармони имзошуда, аз моҳи сентябри соли равон маош дар соҳаҳои дигар ба таври зайл боло меравад:
— маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф — 25%;
— маоши кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ — 20%;
— маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ — 20%;
— маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ — 20% (893 сомонӣ муқаррар мешавад);
— идрорпулиҳо донишҷӯён ва дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) — 20%;
— нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо — на кам аз 15%.
Ҳамчунин, маоши ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1-уми сентябр 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад. Ҳоло ин меъёр 1000 сомонӣ аст.
Дар фармон зикр мешавад, ки маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин мешавад.
Дар бораи боло бурдани маош аз моҳи сентябри имсол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми охири худ дар нимаи дуюми моҳи декабри соли 2025 хабар дод.
Соли 2025 ҳам маоши омӯзгорон 30%, дигар кормандони муассисаҳои бахши маориф, илму фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаҳои буҷетӣ ва идрорпулиҳо 20%, пардохтҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба он ва андозаи заминаи нафақавӣ ба андозаи 10% афзуда буд.
Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот дар бозорҳо ва пардохти хидматрасониҳо дар кишвар низ боло меравад. Аз ҷумла, аз моҳи феврали имсол арзиши истифодаи барқ барои аҳолӣ 17% қимат шуда, аз 35,36 дирами ҳозира ба 41,37 дирам барои 1 кВт/соат мерасад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.
Коршиносон ҳам бар ин назаранд, ки ҳангоми таъини маоши кормандони давлатӣ бояд нархи «сабади истеъмолӣ» ба инобат гирифта шавад.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)