< РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ ДАСТГИР ШУД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ ДАСТГИР ШУД

РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ ДАСТГИР ШУД
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Муқим Насриддинзода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон тавассути миёнарав Наврӯзбек Табаров аз як шаҳрванд барои ҷудо кардани 6 сотих замин дар ҳудуди деҳаи Бандари ҷамоати Қизилқалъа 12500 сомонӣ пора талаб кардааст. Онҳо дар се ҳолат аз шаҳрванд "А” 600 доллар ва 500 сомонӣ ба даст оварда, Наврӯзбек Табаров рӯзи 19 апрел ҳангоми аз ин шаҳрванд гирифтани 6000 сомонии боқимонда бо далели шайъӣ ба даст афтодааст. Нисбати Насриддинзода бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Насриддинзода Муқим Теша дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кор карда истода, тахминан аввалҳои моҳи марти соли 2019 тавассути миёнарав-шаҳрванд Табаров Наврӯзбек Имомудинович аз шаҳрванд "А” барои аз ҳудуди заминҳои деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигй маблағи 12500 сомонӣ ба сифати пора талаб намуд.
Минбаъд, Насриддинзода С.А. дар давоми моҳи марти соли 2019 ба воситаи миёнарав-Табаров Н.И. аз шаҳрванд "А” дар се ҳолат маблағи 600 доллари ИМА ва 500 сомонӣ ҳамчун пора гирифта, вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш барои ба охирин ҷудо карда додани 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ мусоидат намуд.

"Оиди ин ҳолат 19 апрели соли 2019 нисбати Насриддинзода М.Т. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Табаров Н.И. бо моддаҳои 36 қисми 5 - 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ миёнарав-Табарова Н.И. баъди аз шаҳрванд "А” гирифтани боқимонда маблаги 6000 сомонӣ дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуданд”, - хабар медиҳад Агентии мубориза бо коррупсия.

Айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони болозикр идома дорад.

Заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада боқӣ мемонад. Тақрибан ҳар ҳафта мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти масъулони кумитаҳои замин ва ҷамоатҳо бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани замин хабар медиҳанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий