БОЗДОШТИ ҲУДУДИ 15 ТАН АЗ ЭЪТИРОЗГАРОНИ НАЗДИ ИДОРАИ ШИРКАТИ “ФАРОЗ” (НАВОР)
Шоми 29 апрел, баъди бозгашт аз эътироз дар назди идораи ширкати "Фароз” ҳудуди 15 нафар аз эътирозгаронро дастгир кардаанд. Онҳо дар шуъбаҳои милиса дар Душанбе ва Турсунзода нигоҳ дошта мешаванд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 29 апрел намояндагони ширкати "Фароз” бо мақсади пароканда кардани эътирозгарон талабҳои онҳоро қабул карда буданд. Эътирозгарон мегуфтанд, ки "Фароз” нархи хидмати онҳоро аз 80 доллари қаблӣ барои як кило то 10 доллар пойин овардааст ва онҳо ба ин розӣ нестанд. Ширкати "Фароз” яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон буда, бино ба гузоришҳо, ба Шамсулло Соҳибов, яке аз 6 домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.Норозиёне, ки рӯзи 29-уми апрел дар назди дафтари ширкати "Фароз" дар шаҳриДушанбе ҷамъ омада буданд, мегӯянд, наздик ба 15 нафари онҳо боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи онҳо, бархе аз ин афрод ҳоло дар боздоштгоҳҳои муваққатии Душанбе ва Турсунзода нигаҳдорӣ мешаванд. Гуфта мешавад, шуморе аз ин афрод, ки аз сӯи мақомот дар Данғара боздошт шуда буданд, пас аз як шабонарӯз озод карда шуданд.
Яке аз кормандони хоҷагии ҷамъоварии шираи камоли ширкати "Фароз" дар шаҳри Турсунзода, ки бародари ӯ низ боздошт шудааст, рӯзи 1-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кормандони милисаи ноҳия баъди бозгашт аз Душанбе шоми ҳамон рӯз 8 нафар аз коргаронро боздошт карданд.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/04/9/94/94ebbde2-a3bf-4c82-9df8-15da650b456c_manifest.mpd]
"Барои чӣ одамони моро савор карда мебаред?"
Даҳҳо нафар аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи "Фароз" шираи камол мефурӯхтаанд, рӯзи душанбеи 29-уми апрел дар назди идораи ин ширкат дар Душанбе ҷамъ омада, хостори бознигарии қарордодҳояшон шудаанд.
Яке аз ин коргарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати "Фароз" хостааст, ки ҳар килои шираи камолро ё бо қимати 10-долларӣ ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.
Ӯ гуфт, ки баъзе аз онҳое, ки омадаанд, дар ноҳияи Ҳисор хоҷагии кишоварзӣ доранд ва ба ҳар корманд сари ҳар шираи камол 200 сомонӣ мепардохтанд. Ҳоло ба қавли ӯ, "Фароз" мехоҳад, ҳар кило шираи камолро, ки қаблан 70 то 80 доллар буд, 10 долларӣ бихарад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки рӯзи душанбеи 29-уми апрел шоҳиди таҷаммӯи коргарон дар назди яке аз дафтарҳои "Фароз" буданд, мегӯянд, чанд мошини милиса ҳам инҷо омаданд ва афсарони милиса аз коргарон хостаанд, ки пароканда шаванд.
Дар видеоҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид дида мешавад, ки мардуми асабонӣ дар яке аз ин маҳаллаҳо аз Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мепурсанд, ки "барои чӣ одамони моро савор карда мебаред”. Зоҳиран онҳо ба боздошти чанде аз коргароне ишора мекунанд, ки барои расонидани шикоят ба дари ширкати "Фароз" омадаанд.
Масъулони "Фароз" чӣ мегӯянд?
Масъулини ширкати "Фароз" мегӯянд, онҳо мехоҳанд коргарон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бар асоси шартнома кор кунанд, чун ширкат барои ҳар килограмм шираи камол маблағ намедиҳад.
Исматулло Зиёев, муовини раиси ширкати "Фароз" пас аз пароканда шудани эътирозгарон дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи калони коргарон баъди эълони ҷои кор аз тариқи телевизион, норозӣ шуданд ва хостанд мо тартиби додани маблағро барои ҷамъоварии шираи камол бекор накунем.
Исматулло Зиёев гуфт, ки ширкати "Фароз" дорои иҷозатнома аст ва бештар аз минтақаҳои Данғараву Ҳисор ва Шаҳринав шираи камол ҷамъоварӣ мекунад ва ҳудуди ҳазор коргар дорад. Теъдоди мутахассисони афғон то 60 нафар будааст. Ин масъули ширкати "Фароз" гуфт, онҳо тасмим надоранд, ки аз ин бештар коргарони афғонро ҷалб кунанд.
Шираи камол дар дасти "Фароз"
"Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад. Ширкати "Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаро дар бар мегирад. Ширкат тиҷораташро дар арсаи тибро аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард.
Дар ҳоли ҳозир дар 11 ноҳияи Тоҷикистон майдонҳои шираи камол вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар ноҳияи Данғара, Ёвон,Темурмалик, Ҳисор, Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросон, Рудакӣ, Турсунзода ва Шаҳринав.
Бознашр аз радиои "Озодӣ”
Комментарии (0)