< ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Дар айни замон ба беш аз 9,5 километр замин об оварда шудааст. Об тавассути қубурҳои пластикӣ ба маркази деҳа ва ба минтақаи баландии деҳа (5,5 километр) интиқол меёбад. Ҳоло корҳои кашидани хати об идома дошта, баъди анҷоми он сокинон омодаанд бо роҳи ҳашар оби сойро тавассути қубурҳои пластикӣ ба деҳа ворид кунанд.

Калонтарин ҳавзи деҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъмир мешавад. Он 2700 метри мукааб ғунҷоиши об дошта, баъди ба ҳавз расидани об имконият медиҳад дар як вақт 60 гектар замин бо об таъмин карда шавад.

Ҷамоати деҳоти Рарз дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз ҷиҳати иқтидори кишоварзӣ яке аз минтақаҳои беҳтарин ва дорои хоки серҳосил ба шумор меравад. Ҳосили серобу босифат ҳам аз заминҳои корам ва ҳам аз боғҳои суннатию интенсивӣ ба даст оварда мешавад.

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий