< “Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?

“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
​Дар Тоҷикистон ҳам дар ин рӯз чорабиниҳо баргузор ва аз вазъи шахсони дорои маъюбият гуфта мешавад.
 
«Ба хариди ҳамаи доруҳо намерасад"Шудринги 26-сола аз шаҳри Турсунзода, аз кӯдакӣ ба бемории фалаҷи мағзи сар гирифтор аст. Ӯ маъюби гуруҳи 1 аст ва 450 сомонӣ нафақа барои маъюбӣ мегирад.

Ба гуфтаи Малика, модари Шудринг, бо ин пул наметавонад ҳатто ҳамаи доруҳои барои духтараш заруриро харад.

«Духтарам бояд ҳамеша, дар вақти муайяншуда доруҳояшро қабул кунад, вагарна сахт асабӣ мешавад. Рӯзе мешавад, ки худам гурусна мемонам, аммо ҳатман доруҳои духтарамро мегирам. Доруҳо гаронанд ва танҳо бо ин нафақа наметавон онҳоро харид», — мегӯяд Малика.Ӯ таъкид мекунад, ки «агар нафақаи духтараш ҳадди ақал 1000 сомонӣ мешуд, барояш як каме сабук мебуд».

Муҳаммадҷон Холов, ҳунарманди 51-сола, ки маъюбият дорад ва бознишаста аст, низ вазъи хуб надорад.

Ӯ мегӯяд, 228 сомонӣ нафақа мегирад, ки ҳатто барои хӯроки якмоҳа намерасад.

«Намедонам, ба ин пул хӯрок харам, либос гирам ё пули иҷораи хонаро супорам», — гуфт Муҳаммадҷон Холов.

Холов мегӯяд, барои пардохти пули иҷораи хонааш, ки 600 сомонӣ дар як моҳ аст, аз дӯстонаш кӯмак мепурсад, либосро аз дӯконҳои «дасти дуюм» мехарад.
«Агар нафақаам то 1500 сомонӣ баланд мешуд, бароям хеле сабукӣ меовард ва кумаки дӯстонро интизор намешудам», — гуфт Холов.
 
Омори шахсони дорои маъюбият дар ТоҷикистонСаъдулло Қудратуллозода, сардори раёсати таъину пардохти нафақа ва андӯхтҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба «Азия Плюс» гуфт, ки ба ҳолати 1-уми ноябри соли равон дар кишвар 171 ҳазору 318 шахсонин дорои маъюбият сабт шудаанд ва нафақа мегиранд.

Бо таркиби сабтшудаи шахсонин дорои маъюбият дар кишвар дар инфографикаи зерин шинос шавед:

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий