Ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо «Истиқлол» ба Душанбе омад
Дар Фурудгоҳи байналмилаии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони дастаи футболи «Истиқлол», хабарнигорон ва мухлисон истиқбол гирифтанд.
Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол"-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ 26 ноябр, соати 18:45 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад.
25 ноябр бо иштироки масъулини бозӣ ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуданд. Мизбонони рақобат- футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва дастаи футболи «Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ бо пироҳанҳои зард ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи «D», дастаи футболи «Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. Дастаҳои футболи «Ал-Завра"-и Ироқ ва «Истиқлол"-и Тоҷикистон соҳиби 6 имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. Дастаи футболи «Гоа"-и Ҳиндустон бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)