< Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад

Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад
​Ёдовар мешавем, ки  соли равон  Тоҷикистон раёсати Муколамаи занони Осиёи Марказиро ба зимма дошт. Дар доираи он имрӯз бо иштироки аъзои ин муколама таҳти унвони   «Занон, сулҳ ва амният» форум доир гардид.

Дар форум иштирокчиён масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказиро тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳу устуворӣ ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони паноҳҷӯро баррасӣ намуданд.

Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷойгоҳи калидӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими рӯз ва пешниҳоди ташаббусҳои наве гардид, ки ба пешбурди роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий