“Аз меъёр зиёд? Ҷавоб деҳ!”. Муҳоҷирон дар Русия боз аз як ҳуқуқи худ маҳрум шуданд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷиронро барои корфармои рус содда ва имкониятҳоро бештар мекунад. Ин қонун дар пойгоҳи расмии иттилооти — ҳуқуқии Русия нашр шудааст.
Тағйирот рӯзи 11-уми ноябр аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ (палатаи поёнии парлумони Русия) қабул ва 12-уми ноябр аз ҷониби Шӯрои Федератсия (балатаи болоии парлумони Русия) тасдиқ шуд.
Ин ташаббусро дар Думаи давлатӣ вакилони ҷиноҳи «Одамони нав» (Новые люди) пешниҳод кардаанд, ки ба эътиқоди онҳо, ин ҳавфи ба додгоҳ кашида шудани корфармо аз сӯйи корманди барканоршударо кам мекунад.
Тибқи тартиби нав, корфармо ҳақ дорад шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷир бекор кунад, агар теъдоди муҳоҷирон аз меъёри ҷои кори минтақавӣ зиёд бошад. Ин тағйир ба моддаи 327.6-и Кодекси меҳнати Русия ворид шуд ва аз 1-уми марти соли 2026 эътибор пайдо мекунад.
Ба субъектҳои Русия аз соли 2014 ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳар сол барои ҷалби коргарони хориҷӣ меъёр муқаррар кунанд. Корхонаҳо муваззафанд, ки теъдоди муҳоҷиронро кам кунанд, дар акси ҳол онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Барои шахсони ҳуқуқӣ аз 800 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима ва ё ба таври маъмурӣ боздоштани фаъолияташон то ду ҳафта пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, Русия бо қабули қонунҳову муқаррар кардани қоидаҳои зиёд талош дорад фаъолияти муҳоҷиронро дар қаламрави худ танзим кунад. Ин талоши танзими муҳоҷират ва фаъолияти онҳо барои муҳоҷирон мушкилоту монеаҳои зиёдро барои фаъолияти озод пеш овардааст. Аз ҷумла, мақомоти Русия арзиши иҷозаи корро қариб ҳар сол боло мебаранд, фаъолияти муҳоҷиронро дар баъзе соҳаҳо манъ ва ё бо баҳонаи ҷурмҳои кӯчак онҳоро боздошту ихроҷ мекунанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)