Имзои протоколи нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатӣ аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон Протоколи табодули санад дар бораи тасдиқи Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатиро ба имзо расониданд.
Санад рӯзи 15 ноябр аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ӯзбекистон — Бахтиёр Саидов ва Қирғизистон — Жээнбек Кулубаев ба тасвиб расонида шуд.
Дар Вазоратҳои корҳои хориҷии се кишвар таъкид кардаанд, ки ин иқдом натиҷаи муколамаи созанда, эътимоди тарафайн ва ҷонибдории умумии давлатҳо ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамраъйӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Гуфта мешавад, анҷоми ҷараёни тасдиқ омодагии дастаҷамъона ба ҳаллу фасли масоил тариқи роҳу усулҳои дипломатӣ бар асоси эҳтиром, равиши стратегӣ ва сиёсати дурандешонаро таҷассум месозад.
Ёдрас мекунем, ки Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар рӯзи 31 март дар вохӯрии сарони ҳар се кишвар имзо шуда буд.
Дар он хат ва мавқеъҳои мушаххасе, ки дар он сарҳади давлатҳо ба ҳам меоянд, муайян карда шудаанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки Қирғизистон дар мувофиқа бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хориҷ кардани силоҳи вазнин аз ноҳияҳои наздимарзӣ оғоз кард.
Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳамчунин изҳор дошта буд, ки қоидаҳои истифодаи силоҳи оташфишон дар сарҳад бозбинӣ мешаванд, зеро «дигар масоили баҳсӣ намонда, набояд задухӯрдҳо рух диҳанд».
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)