ЯК ДИПЛОМ – 1000 ДОЛЛАР: БОЗДОШТИ НОИБИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРӢ БО 19200 СОМОНӢ ПОРА

Mуовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Хушвахт Усмонов, бо гирифтани 19200 сомонӣ ва корманди нозироти андози шаҳри Панҷакент, Муҳаммадҷон Қурбонов бо 7000 сомонӣ пора дастгир шудаанд. Ноиби ректор аттестат ва дипломаи маълумоти миёнаро махсусро ба ду нафар 1000-долларӣ нарх карда, нозири андоз аз соҳиби як мағоза барои ҷарима набастанаш 7 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Аммо Хушбахт Усмоновро алакай ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардаанд ва Қурбонов бо бемории қалб дар бемористон қарор доштааст.
Ба иттилоъи як манбаъ аз мақомоти қудратии шаҳри Панҷакент, муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Хушвахт Усмонов барои тайёр кардани шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёнаи умумии асосӣ ва дипломи маълумоти миёнаи махсус аз ду нафар шаҳрвандон "С” ва "Б” 9600 сомонӣ дар маҷмӯъ 19200 сомонӣ маблағ талаб мекунад.
Санаи 20-уми апрел Хушвахт Усмонов, ҳангоми гирифтаниҳамин миқдор маблағ дар утоқи кориаш аз ҷониби кормандони Шуъбаи минтақавии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон дастгир карда мешавад.
Нисбати Хушвахт Усмонов дар асоси моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад ва худи Усмонов айни замон бо гирифтани баёнот оиди тарк накардани ҷои истиқомат дар озодӣ мебошад – гуфт манбаъ.
Ҳоло Хушвахт Усмоновро аз 50160 то 80300 сомонӣ ҷарима ё аз 5 то 8 сол маҳрум аз озодӣ, ҷазо интизор аст.
Моддаи 247. Қ а л л о б ӣ
Қисми 3. Қаллобие, ки;
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир шудааст,-
боҷарима ба андозаи аз нўҳсаду дувоздаҳто як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷсол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Ҳамчунин як корманди Нозироти андози шаҳри Панҷакент, Муҳаммадҷон Қурбонов аз як мағоза барои рӯйпӯш намудани даромад ва ҷарима набастанаш 7000 сомонӣ пора талаб мекунад. Дар натиҷа нозири Нозироти андоз аз тарафи кормандони Шӯъбаи амният дар шаҳри Панҷакент боздошт мегардад.
Нисбати Муҳаммадҷон Қурбонов бо моддаи 319-и Кодекси чиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Наздикони Муҳаммадҷон Қурбонов мегӯянд, ӯ дорои бемории қалб буда, айни замон дар беморхона бистарӣ будааст.
Комментарии (0)