Раванди ҷарроҳӣ ва барқароршавӣ осон гардид. Дар Панҷакент аввалин маротиба ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд
Тавре ки маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад, аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва дар ҳамкорӣ бо табибони маҳаллӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморон амалҳои бартараф намудани чурраҳои девори пеши шикам, чурраҳои қадкашак бо гузоштани тури синтетикӣ композитикӣ ва экстирпатсияи бачадон бо тарзи лапароскопӣ анҷом дода шуданд.
Гуфта мешавад, ки қаблан гирифторони чунин бемориҳо дар шаҳри мазкур ба таври анъанавӣ, яъне кушода ва бо тариқи буриши ҷисми бемор ҷарроҳӣ мешуданд, ки ин ҳолат муҳлати табобат ва барқароршавии саломатии беморонро зиёд мегардонид.
«Ба назари мутахассисони соҳа, бо истифода аз иҷрои амали нави ҷарроҳӣ давраи барқароршавии беморон аз як ҳафта то ба як шабонарӯз кутоҳ мегардад. Беморон агар пештар ба таври анъанавӣ ҷарроҳӣ шуда, 6-7 рӯз дар беморхона бистарӣ мегаштанд, пас аз иҷрои амалҳои миниивазивӣ баъди як шабонарӯз ба хона рухсат дода мешаванд. Дар баробари ин, бемороне, ки бо буриши анъанавӣ ҷарроҳӣ мешуданд, аз 4 то 6 моҳ наметавонистанд, ки пурра ба фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул шаванд. Баъди иҷрои амалҳои миниивазивӣ давраи барқароршавии беморон 1 моҳ идома ёфта, баъди он беморон метавонанд ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд», — омадааст дар иттилоия.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)