< Баҳо дар журнал ва рӯзномаи электронӣ. Ҳамаи мактабҳои Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Баҳо дар журнал ва рӯзномаи электронӣ. Ҳамаи мактабҳои Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шуданд

Баҳо дар журнал ва рӯзномаи электронӣ. Ҳамаи мактабҳои Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шуданд
Аз 1-уми сентябри имсол 187 мактаби Душанбе ба системаи «eDonish» пайваст шуда, акнун омӯзгорон баҳои толибилмонро дар журнал ва рӯзномаи электронӣ мемонанд.

Бо ин вуҷуд дар чанд мактаб то ҳол журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад ва омӯзгорон ҳам дар журнали электронӣ ва ҳам журнали анъанавӣ баҳо мегузоранд.

Асомиддин Бобозода, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ҳамаи муасисаҳои таълимии буҷетӣ ва хусусии шаҳри  Душанбе ба системаи «eDonish» пайваст шудааст.

»Ин барнома қаблан ба таври озмоиши дар 20 муассиса роҳандозӣ шуда буд. Танҳо дар муассисаҳои таълимие, ки таҷрибаашон камтар аст, ба таври муваққатӣ журнали электронӣ ва анъанавӣ истифода мешаванд. Шуруъ аз моҳи январи соли 2026 ин муассисаҳо низ пурра ба журнали электронӣ мегузаранд ва анъанавӣ аз байн меравад, — иброз дошт Асомиддин Бобозода.
Номбурда дақиқ нагуфт, ки дар чанд мактабҳои шаҳри Душанбе дар баробари журнали электронӣ ҳамчунин журнали анъанавӣ низ истифода мешавад.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий