Таҳаввулоти рақамӣ: Ояндаи 5G дар Тоҷикистон аз дидгоҳи роҳбари “Мегафон”
Ба гуфтаи ӯ, то чанд соли оянда қисми зиёди корҳои рӯзмарра дар Тоҷикистон бо як тугмаи телефон ҳал хоҳанд шуд. Аз пардохти таваққуфгоҳ ва фармоиши доруву маҳсулот то тамошои филм ва мусобиқаҳои варзишӣ ба воситаи телефон анҷом дода мешавад. Пешрафти технологӣ ногузир аст, гуфт ӯ.
Ба таъкиди ӯ дар роҳ монеаҳо кам нестанд. Релефи кӯҳсор, ҳавои шадидан тағйирёбанда ва ҳатто амалиёти қасдан вайронкорӣ шабакаҳоро осебпазир мекунад.
«Фақат дар ҳафт моҳи соли 2025 ширкат 60 ҳодисаи сӯхтор ва беш аз 390 ҳолати канда шудани хатҳои нахӣ-нуриро бартараф намудааст. Дастгоҳҳои барқӣ ва генераторҳо низ борҳо мавриди дӯздӣ қарор гирифтаанд.
Муштариён бисёр вақт инро намебинанд, зеро трафик ба хатҳои дигар равона мешавад. Аммо мо дар паси парда ҳамеша бо оқибатҳои чунин ҳодисаҳо мубориза мебарем"- гуфт Анатолий Изюмников.
Анатолий Изюмов, таъкид кард, бо вуҷуди ин, ин соҳа босуръат рушд мекунад. Ӯ мегӯяд фақат дар соли 2024 шабакаи 4G-и ширкати «Мегафон Тоҷикистон» бо зиёде аз 100 пойгоҳи нави базавӣ густариш ёфтааст ва онҳо мақсад доштаанд шабкаи 5G-ро бунёд кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, то поёни соли 2025 шаҳри Душанбе аввалин минтақаи дорои шабакаи 5G мешавад.
«Дар минтақаҳои дигари кишвар низ 6 пойгоҳи нави насли панҷум бунёд хоҳад шуд. Дар чор соли оянда қариб 200 пойгоҳи 5G дар саросари кишвар насб мегардад. Ин маънои онро дорад, ки интернети гигабитӣ ҳатто ба ноҳияи дурдаст мерасад.
Фаъол шудани 5G ба мардум имкон медиҳад, ки ҳама гуна контентро фавран бор кунанд, дастгоҳҳои сершумор, аз хонаҳои „ҳушманд“ то нақлиёти худрав, ба таври боэътимод фалолият кунанд"- гуфт роҳбари ширкат.
Анатолий Изюмов таъкид намуд, ҳукумат низ дастрасии умумиҷаҳонии интернетро мақсади стратегии худ қабул намуда, ширкатҳо бо густариши шабака ва пешниҳоди бастаҳое, ки имкониятҳои бештар медиҳанд, ба ин ҳадаф мусоидат мекунанд.
«Дар Тоҷикистон сохтани шабака осон нест, вале маҳз ҳамин вазифаҳои душвор моро илҳом мебахшанд. Мо ифтихор дорем, ки метавонем ҳар шаҳрванди кишварро, ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарин, ба ояндаи рақамӣ пайваст намоем"- гуфт Анатолий Изюмов.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)