< Навгонӣ барои муҳоҷирон дар Русия. Шарҳи пурраи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Русия дар соли 2025 » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Навгонӣ барои муҳоҷирон дар Русия. Шарҳи пурраи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Русия дар соли 2025

Навгонӣ барои муҳоҷирон дар Русия. Шарҳи пурраи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Русия дар соли 2025
​Дар соли 2025 дар қонунгузории Русия дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ тағйиру иловаҳои зиёд ворид шуд. Давоми сол бисёре аз қоидаҳое, ки ба вуруди муҳоҷирон ва фаъолияти онҳо марбут буд, бозбинӣ шуданд. Баъзе тағйирот ҳанӯз аз оғози сол ҳукми қонунӣ гирифта, бархеи дигар, тобистон ва қисма аз онҳо маҳз дар рӯзи 1-уми сентбяр мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар ин мавод, мо шарҳу тавзеҳи ҳамаи онҳоро гирдоварӣ кардем.
 
Аз 1-уми сентбяр барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?Аз 1-уми сентябр дар шаҳр ва вилояти Маскав макони ҷойгиршавӣ (будубош)-и муҳоҷиронро пайгирӣ мекунанд. Акнун нафаре, ким ба Русия барои кор меояд, бояд замимаҳои «RuStore» боргирӣ кунад.
Баъдан, худро бояд дар ин замима ба қайд гирад ва он ба таври худкор маълумот дар бораи макони будубоши шахсро ба ВКД ирсол мекунад. Агар маълумот дар се рӯз ворид нашавад, муҳоҷирро метавонанд аз қайд бароварда, ба «рӯйхати шахсони таҳти назорат» дохил кунанд ва минбаъд ихроҷ ҳаммешавад.
Ин замима барои онҳое лозим аст, ки барои кор таҳсил, сайёҳӣ омадаанд ва аз 90 рӯз зиёд дар Русия меистанд. Ба ноболиғон насби замима лозим нест.


Сарчашма:  asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий