< Сарбозони Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Беларусия машқҳои низомӣ мегузаронанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сарбозони Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Беларусия машқҳои низомӣ мегузаронанд

Сарбозони Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Беларусия машқҳои низомӣ мегузаронанд
​Аз 31-уми август то 6-уми сентябр дар майдонҳои низомии «Лосвидо» ва «Лепелский"-и Беларусия машқҳои бузурги кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) доир мешавад. Дар он воҳидҳои ҳарбии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ин машқҳо якбора се формати таълимиро дар бар мегиранд: «Взаимодействие-2025», «Поиск-2025» ва «Эшелон-2025».  Дар доираи «Взаимодествие» неруҳо амалиётҳои ҳамоҳангшударо барои суботбахшии вазъ дар қаламрави як кишвари шартии узви СААД меомӯзанд. Машқҳои «Поиск» ба такмил додани корҳои иктишофӣ бахшида шудаанд. Формати «Эшелон» ба таҳкими низоми таъминоти моддиву техникии неруҳо нигаронда шудааст.

Хусусияти фарқкунанда имсол пайванди мустақим бо машқҳои стратегии Русия ва Беларусия «Запад-2025»  мебошад. Ба гуфтаи раиси ситоди муттаҳидаи СААД Андрей Мердюков ин чорабинӣ табиати нақшавӣ дорад ва бар зидди кишвари сеюм равона нашудааст. Мақсади асосӣ боло бурдани сатҳи ҳамоҳангии фармондеҳӣ, неруҳо ва тақвияти омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ аст.

Сарчашма:  dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий