< Тоҷикистону Русия ҷалби қонунии муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Томск баррасӣ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистону Русия ҷалби қонунии муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Томск баррасӣ карданд

Тоҷикистону Русия ҷалби қонунии муҳоҷирони меҳнатиро ба вилояти Томск баррасӣ карданд
Ҳайати губернатори вилояти Томски Русия ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ҳайати губернатори Томск таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Томск оид ба сиёсати иҷтимоӣ — Грузних Светлана бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Солеҳа Холмаҳмадзода дидору мулоқот кард.

Қайд карда шудааст, ки ҳайати губернатори Томск бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда бо муассисаҳои ваколатдори кишвар, ки ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия машғуланд, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар бораи ҷалби муташаккиллонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия баррасӣ шуд.Ҳамчунин тарафҳо масоили идоракунии раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати қонунӣ, ботартиб ва бехатар дар давлати қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи қонунгузорӣ ва тартиби будубош, маҳдудиятҳои ҷорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ ба мушкилӣ дучор мегарданд, табодули афкор намуданд.


Сарчашма:  sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий