< Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири нави Белорус дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири нави Белорус дар Тоҷикистон

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири нави Белорус дар Тоҷикистон
Дар мулоқот масъалаҳои рушди равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Белорус баррасӣ шудааст

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири навтаъини Белорус дар Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенко дидор кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин дидор бо хоҳиши сиёсатмадори белорусӣ сурат гирифтааст.

Рустами Эмомалӣ аввал Денисенкоро ба муносибати таъин шудан ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон муборакбод гуфтааст.

Сиёсатмадори тоҷик аз муносиботи миёни Тоҷикистон ва Белорус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳои рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Белорусро дар сиғаи дуҷониба, инчунин дар доираи созмонҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ ардаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар баробари ин, тарафҳо ба зарурати муҳокимаи вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси миллии Белорус, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ тақвият додани натиҷаҳои назарраси бадастовардаи шохаҳои ҳокимияти иҷроияи ду кишвар таъкид карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий