Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт
Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон дар мавриди замону макони музокироти навбатии марзӣ созоиш шудааст
Гуфтушуниди навбатии гуруҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон аз 10 то 15 феврал баргузор мегардад.
Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон, ҳайати ин кишварро фиристодаи вижаи кабинаи вазирон дар масоили марзии дастгоҳи президент, Назирбек Борубоев роҳбарӣ мекунад. Таъкид шудааст, ки мулоқоти ҳайатҳо дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад.
Ҳукумати Қирғизистон зикр намудааст, ки дар натиҷаи мулоқотҳои қаблии ҳайатҳои топографии ҷонибҳо аз 1 майи соли 2020 то ҳол ҳудуди 81 километр марзи муштарак муайян шудаст.
Манбаъ афзуд, ки дар муайянсозии марз санадҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 истифода хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон хниз ахиран аз натиҷаи 8 мулоқоти ҳайатҳо суҳбат кард.
"Аз 1 майи соли 2021 Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 ҷаласаи комиссияи топографиро барои дақиқ кардани марз баргузор карда, 81 километри сарҳадро мушаххас кардаанд. Аз октябри соли 2021 кори комиссия бо баъзе сабабҳо мутаваққиф шуда буд, аммо ба зудӣ бояд кораш аз сар гирифта шавад",- гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километри марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимонда мунтазам боиси танишҳо миёни сокинони навоҳии наздимарзӣ мегардад.
Комментарии (0)