< Нафақаи ятимон дар Тоҷикистон бештар мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нафақаи ятимон дар Тоҷикистон бештар мешавад

Нафақаи ятимон дар Тоҷикистон бештар мешавад
Дар Тоҷикистон ба татбиқи фармони президенти ҷумҳурӣ дар бораи зиёд намудани пардохтҳои ҳармоҳа ба табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири шаҳрвандон шурӯъ карданд

Пардохти моҳона барои кӯдакони ятим дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода хабар дод.

Вай зикр кард, ки бо назардошти фармони ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми миёнаи пардохтҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони ятим дар ҷумҳурӣ то 233,9 сомонӣ расонида шуд.

Барои онҳое, ки бе падару модар мондаанд, маблағи пардохт 151,75 сомониро ташкил медиҳад.

Давлатзода ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1653 кӯдаки ятим ва 79453 ноболиғи бе яке аз волидонашон ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2021 афзоиши маош ва нафақаро эълон карда буд.

Бар поияи он асосан пардохтҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандони буҷетӣ 20-25 фоиз зиёд карда мешаванд.

Қарор дар бораи афзоиши кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнати сокинони кишвар дар оғози соли 2022 ба имзо расида буд.

Мақсади асосии индексатсияи пардохтҳо баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номида шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий