Прокуратураи Хатлон нисбати 19 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
Варқа Зайниддин ёвари калони прокурори вилояти Хатлон Прокуратураи вилояти Хатлон ахиран зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта нисбати 19 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 18 парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.
Масъулин гуфтанд, ки 12 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 13 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карада шудааст.
Вай гуфт, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 7087 ҷиноят ба қайд гирифта шуд.
Ба гуфтаи вай шумори ҷиноятҳо нисбати соли 2020-96 адад ҷиноят зиёд шудааст.
“Кушодашавии ҷиноятҳо 83 дарсадро ташкил медиҳад”, – илова кард Варқа Зайниддин.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)