Шералӣ Кабир: Саноаткунонии босуръати кишвар масоил иҷтимоии Исфараро, ҳал хоҳанд кард
Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Исфара, Шералӣ Кабир, вазири саноат ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз корхонаҳои “Корхонаи кимиёвӣ”, “Тамохуш”, Комбинати консервбарорӣ, “Нилуфар” ва “Шираи гандум” дидан кард.
Тибқи иттилои манбаъ ҳадаф аз боздид шиносои бо вазъи фаъолияти корхонаҳо мебошад.
Қайд карда шудааст, ки зимни суҳбат бо саноатчиён Шералӣ Кабир таъкид доштааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори инвеститсионӣ лозим аст.
Ба гуфтаи вай, амалишавии ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохтор ҳал карда шавад.
Ҳамзамон, Шералӣ Кабир ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)