Афзоиши бунёди манзил дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аз афзоиши сохтмони манзилҳои истиқоматӣ давоми як соли ахир гуфтан
Давоми як соли ахир дар Тоҷикистон 1 миллион 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки барои он 14,8 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзод, раҳмбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Афзудани сохтмон, алахусус дар бахши хусусӣ, ки асосан хонаҳои истиқоматиянд ба назар мерасад.
Ба гуфтаи ӯ ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 42400 метри мураббаъ зиёд аст.
Соли 2020 дар кишвар 1 миллиону 383,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.
Зувайдзода гуфт, дар ин давра мактабҳо барои 28887 нафар, беморхонаҳо бо 212 ҷойи хоб, дармонгоҳҳо барои қабули 666 нафар дар як баст ва муассиаҳои томактабӣ барои 2137 нафар ба истифода дода шуд.
Тибқи омори ин ниҳод, аллакай аз 65 шаҳр барои 64-тои он нақшаи генералӣ таҳия шудааст. Дар соли 2021 аз ҷониби институтҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои давлатӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба маблағи 36,6 миллион сомонӣ анҷом шуданд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин давоа иҷозатнома барои корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 348 маротиба ва тамдиди муҳлат 264 маротиба дода шуд, ки имкон дод, ба буҷет боз 601 ҳазор сомонӣ ворид карда шавад.
Ҳамзамон дар доираи фаъолияти кумита инчунин санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 4635 камбудӣ ошкор гардида, 1043 дастур дода шуд, ки маблағи ҷаримаи он ба 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ мерасад.
Гуфта мешавад, ки тамоми муқаррарот ва қоидаҳои шаҳрсозии Тоҷикистон бо назардошти шароити меъморӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор ва сейсмикӣ таҳия шудаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ, дар кишвар, дар маҷмӯъ, 2108 ширкат иҷозатномаи сохтмонӣ доранд, ки 53-тои онҳо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои Туркия ва дигар кишварҳо мебошанд.
Комментарии (0)