Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои Темуралӣ Наврӯзов пойи сунъӣ месозад
Масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, ки масъалаи насби пойи сунъӣ (протез) ба ин сокини ноҳия ниҳоӣ шудааст.
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин хусус гуфт, ба ҷойи пойи маъюбшудаи Темуралӣ Наврӯзов, сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача аз сӯйи табибон пойи сунъӣ насб мешавад.
Ӯ афзуд, андозаи пой ва маблағ ба корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” фиристода шудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик пойи сунъӣ сохта шавад.
“Бояд як марҳила сипарӣ шавад, то гузоштани протез (пой) мувофиқат намояд. Аз ин лиҳоз Наврӯзов ин марҳиларо хуб паси сар намуд, қарор аст рӯзҳои наздик пойи (протез) ӯ, барқарор карда шавад”, - гуфт Давлатзода.
Сохтмони пойи сунъӣ (протез) имкон фароҳам меорад, то ин сокини ноҳия озод роҳ гашта тавонад.
Темуралӣ Наврӯзов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки 29 апрели соли 2021 дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аз як пояш маҳрум шуд.
Ин сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача, ки ҳоло бо асобағал роҳ мегардад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи он рӯзи сиёҳ дар апрели соли гузаштаро нақл намуда буд.
“Соати 17:30 дақиқа буд, ки садое баланд шуд. Мо аз ин ҳайрон шудему ман ба кӯча нигоҳ кардам. Ҳамроҳи ҳамсояҳо назди дарвоза будем, ки тири дигар пойи маро захмӣ кард”, - иброз намуд, Темуралӣ.
Захми тир муҷиби хунравии зиёд дар пойяш гардид ва ин ҳолат табибонро дар буридани пойи ӯ ночор гузошт, вагарна аз хунравии зиёд ҳоли вай бадтар мешуд.
“Худоро шукр, ки зинда мондам ва ҳоло ҳамроҳи фарзандонам ҳастам. Шунидам, ки чанд нафар қурбонии баҳсҳои марзӣ шудаанд. Умедворем, ки дигар баҳсу муноқишаи марзӣ рух намедиҳад ва сокинони наздимарзӣ осоишта зиндагӣ мекунанд”, - зикр кард ӯ.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти мавсум ба "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)