Барканории 396 мақомдор дар Тоҷикистон: сабаб
Дар соли 2021 дар Тоҷикистон дар паи содир намудани ҷинояти вобаста ба фасод 396 мақомдор аз вазифаҳояшон маҳрум шудаанд
Саид Султонзода, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон 2088 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст.
Аз ин шумор 885 нафарашон ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин тааллуқ доранд, афзуд ӯ, зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ.
"Зарари молӣ аз чунин амалҳо беш аз 353 миллион сомониро ташкил додааст, вале то ҳол 324 миллион (92%) муяссар шудааст, ки ба буҷет баргардонида шавад", - гуфт Султонзода.
Аз ин миқдор 110 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 214 миллион сомонӣ ба муассисаву ташкилотҳо баргардонида шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони ин идора дар вазоратхонаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1088 санҷиш гузаронида шуд.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 нисбат ба 1274 нафар парванда боз шуда, муфаттишон 860 парвандаи ҷиноӣ қабул кардаанд, ки аз онҳо 860 парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонида шудааст.
Аз натиҷаи санҷишҳо таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ унвони вазорату идораҳо 2532 пешниҳод ва 1122 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбати 1164 нафар ҷазоҳои интизомӣ ва татбиқ карда шуда, 396 нафар аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд.
Ҳамчунин, 1466 қонуншикании коррупсионии маъмурӣ ошкор шуда, ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Дар соли 2021 ҳудуди 324 миллион сомонӣ дар натиҷаи қонуншикании коррупсионӣ дуздидашуда ба буҷети ҷумҳурӣ баргардонида шуд
Комментарии (0)