< Султон Сулаймонзода: Соли 2021 дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ 353 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Султон Сулаймонзода: Соли 2021 дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ 353 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шуд

Султон Сулаймонзода: Соли 2021 дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ 353 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шуд
Соли 2021 дар натиҷаи 1080  тафтишу санҷиши молиявии аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ба маблағи умумии 353 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки тавассути тадбирҳои андешида аз ин маблағ 324 миллион сомонӣ ё 92 фоиз барқарор карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Сулаймонзода маълумот дод.

Ба таъкиди мавсуф, аз маблағҳои рӯёнидашуда 110 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 214 миллион  ба ташкилоту муассисаҳо рост меоянд.

Бояд тазаккур дод, ки тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий