Тоҷикистону Эрон иҷрои санадҳои баимзорасидаро баррасӣ карданд
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар шаҳри Теҳрон бо Амин Ҳусайни Раҳимӣ, вазири додгустарии Эрон дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла пайгирии иҷрои санадҳои баимзорасида байни мақомоти дахлдори ду кишвар ва такмили пояи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тӯли 30 соли муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Эрон, заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки ҳудуди 180 аҳдномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар хусуси масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.
Муносиботи Тоҷикистон бо Эрон пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон оғоз мегардад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатори нахустин кишварҳо истиқлолияти Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 аввалин шуда дар Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард.
Тоҷикистон моҳи июли соли 1995 Сафоратхонаи худро дар Теҳрон фаъол кард.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)