< Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад

Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад
 Автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд. Хатсайр аз водии Фарғона мегузарад.

Дар ин бора номзад ба президентӣ аз Ҷунбиши соҳибкорон ва тоҷирон - Ҳизби либерал -демократии Ӯзбекистон, президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар додааст, менависад ктиботи раисиҷумҳур.

"Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд", - гуфт президенти Ӯзбекистон.

Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон, Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки айни замон ҳаракати автобусҳои байни Тошкант, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон бинобар пандемия қатъ шудааст.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий