< Дар Маскав намоишномае дар бораи даҳшатҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон намоиш дода мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Маскав намоишномае дар бораи даҳшатҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон намоиш дода мешавад

Дар Маскав намоишномае дар бораи даҳшатҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
 Ҳафтаи равон дар Маскав намоишномаи "Хонаи ман куҷост" -ро, ки ба паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, намоиш медиҳад.

Тибқи эълони Театри тамошобинони ҷавони Маскав, аввалин намоиши барои ВАО моҳи январи соли 2021 баргузор шуда буд.

Тамошобинон метавонанд намоишномаро имсол боз 4 маротиба - 10 ва 29 октябр, 13 ва 27 ноябр тамошо кунанд.

Дар маркази саҳна - се паноҳандаи рус аз Тоҷикистон, ки аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ фирор кардаанд, меистанд.

Се муҳоҷир бо фарҳанги бегона ва мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд ва дар бораи душвориҳое, ки онҳо бояд паси сар мекарданд, суҳбат мекунанд.

Ин намоиш аз рӯи песаи "Республика" -и Сергей Давыдов, коргардон Кама Гинкас таҳия шудааст.

Нархи чипта барои роҳ ба намоиш аз 1000 рубл оғоз мешавад. Маҳдудияти синну сол 18+ буда, дар он дашном истифода мешавад. Давомнокии намоиш 1 соату 20 дақиқа аст.

Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий