Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади марди 34 - соларо пайдо кард
Шумораи қурбониёни селхезӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 8 нафар расид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба 8 нафар расид.
Умеда Юсупова сухангӯи КҲФ дар таъйиди ин хабар ба SputnikТоҷикистон гуфт, ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, марди 34 - сола, сокини ноҳияи Кӯшониён будааст.
"10 метр роҳ фурӯ рафта, мошини Дулан, ки марҳум сари идораи он буд, чаппа шуд. Ронанда дар автомашина танҳо буд", - изҳор дошт Юсупова.
Қаблан, КҲФ аз ҳалокати 7 нафар бар асари фаромадани сел хабар дода буд.
Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Комментарии (0)