Зокирзода дар ҳузури нозирони байналмилалӣ ба номзади арзандаи худ раъй дод
Муҳаммадато Зокирзода дар ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2 ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандааш овоз дод
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ, овоз дод.
Бар хабари котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии №5, ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварда раъйи худро гузошт.
Манбаъ меафзояд, иштирок ва овоздиҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода дар маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҷараён гирифт.
Раҳмон овозашро ба президенти оянда дар қитъаи интихоботии рақами 15, воқеъ дар ҳавзаи интихоботии рақами 2 дар ноҳияи Исмоил Сомонӣ дод.
Қаблан шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумон Рустами Эмомалӣ ба ҳамон ҳавзаи интихобот ташриф оварда буд.
Комментарии (0)