< Мақомоти қирғиз дар марз бо Тоҷикистон 7 тонна бангдонаро дарёфт ва мусодира карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақомоти қирғиз дар марз бо Тоҷикистон 7 тонна бангдонаро дарёфт ва мусодира карданд

Мақомоти қирғиз дар марз бо Тоҷикистон 7 тонна бангдонаро дарёфт ва мусодира карданд
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар дар марз бо Тоҷикистон ду кишти бангдонаро ошкор ва нобуд карданд

 Марзбонони қирғиз дар рафти азназаргузаронии ҳудуди наздимарзӣ ду порча кишти ғайриқонунии бангдонаро ошкор карданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлати марзӣ.

Як кишти маводи мухадирро дар Ҷалилобод ва дувумро дар вилояти Бодканд ошкор карданд. Ҳарду кишт ҳам дар минтақаи марзӣ, яке бо Ӯзбекистон ва дигаре дар Тоҷикистон қарор доштааст.Ба макони "бозёфт" низомиён мутахассисонро даъват карданд. Масоҳати умумии кишт 6, 5 гектарро ташкил додааст.
 
Пас аз ташхис марзбонон растаниро оташ заданд.

Вазни умумии бангдона 7 тоннаро ташкил додааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий