Номзад дар Шӯрои амнияти СММ, Ғазза, Афғонистон, сулҳ ва пиряхҳо. Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 81-уми СММ чӣ гуфт?
Рӯзи 26-уми сентябр, дар рӯзи панҷуми мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 81-уми СММ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баромад кард ва аз номзад шудани Тоҷикистон дар Шӯрои амнияти СММ ҳамчун узви ғайридоимӣ барои солҳои 2028–2029 хабар дод, ҳамчунин дар бораи вазъ дар Ғазза, Афғонистон, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти сулҳ, ҳифзи пиряхҳо суҳбат кард.
Дар ин рӯз, ҳамчунин Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суханронии худ Ғарбро ба «зӯрии бераҳмона» айбдор кард, Субраманям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳинд, Покистонро «амалкунандаи доимии терроризм» номид ва Хан Чжэн, ҷонишини раисҷумҳури Чин, ба ҳифзи низоми ҷаҳонии пас аз ҷанг даъват кард.
Ин гузориш бар асоси маводи Хадамоти хабарии СММ, ТАСС, ANI, Associated Press ва дигар расонаҳо таҳия шудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин: «Узвият дар Шӯрои амният мақом не, масъулият аст"Сироҷиддин Муҳриддин суханронии худро бо ҳушдор дар бораи вазъи ҷаҳон оғоз кард ва гуфт, «низоъҳо зиёд мешаванд, эътимод аз байн меравад ва номуайянӣ ба як қисми ҳаёти ҳаррӯзаи мо табдил меёбад».
Ба гуфтаи ӯ, «сулҳро наметавон ҳамчун чизи тайёр қабул кард: онро бояд бунёду ҳифз кард ва ба наслҳои оянда супурд». Вазири корҳои хориҷии кишвари мо таъкид кард, ки масъулият барои сулҳ бо насли имрӯза тамом намешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар минбари СММ, 26-уми сентябри соли 2026. Ню Йорк Акс аз ВКХ Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ хабари асосии рӯзро эълон кард.
"
Ба гуфтаи вазир, «узвият дар Шӯрои амният ягон мақом нест, балки масъулият барои ҳифзи Оинномаи СММ аст». Вай афзалиятҳои Тоҷикистонро дар ин ниҳод, таҳкими сулҳ, масъалаҳои об, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуши маснӯӣ номид.
Шӯрои амнияти СММ аз 15 узв иборат аст. Панҷ кишвар — Амрико, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса узви доимӣ буда, ҳаққи «вето"-ро, яъне рад кардани ҳар қарореро доранд. Даҳ узви дигарро Маҷмааи умумӣ ба мӯҳлати ду сол интихоб мекунад ва барои ин ҳар номзад бояд овози ду-сеяки кишварҳоро ба даст орад. Интихоботи узвҳои ғайридоимӣ одатан моҳи июни соли пеш аз оғози мӯҳлат баргузор мешавад. Номзадии Тоҷикистонро пештар кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дастгирӣ карда буданд.
Имсол Қирғизистон барои ду соли оянда (2027-2028) узви Шӯрои амнияти СММ шуд. Сироҷиддин Муҳриддин зимни баромадаш Қирғизистонро бо ин табрик гуфт.
Вазири корҳои хориҷии кишвари мо ҳамчунин аз ислоҳоти СММ ҷонибдорӣ карда, гуфт, ислоҳот худ ҳадаф нест, ислоҳот бояд СММ-ро самараноктар, чандиртар ва ҳамоҳангтар кунад.
Аз Ғазза то пиряхҳо: Тоҷикистон дар СММ боз чӣ гуфт?Сироҷиддин Муҳриддин дар идома аз вазъ дар Ғазза изҳори нигаронӣ кард ва ба оташбаси пойдор ва дастрасии бемамониат ба кумаки башардӯстона даъват кард.
"
Сироҷиддин Муҳриддин дар минбари СММ, 26-уми сентябри соли 2026. Ню Йорк Акс аз ВКХ
Вазир ба таҷрибаи Тоҷикистон низ ишора кард: сулҳ дар кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ «ба шарофати гуфтушунид ва созиш ба даст омад ва СММ шарики муҳими ин раванд гардид».
Номбурда аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон низз ёдовар шуд. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, эълон шудааст, моҳи июни соли 2027 бо конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе оғоз мегардад. Ба гуфтаи вазир, бо ташаббуси Душанбе Маҷмааи умумии СММ соли 2027-ро Соли байналмилалии саводнокии ҳуқуқӣ низ эълон кардааст.
Дар бахши об, Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳифзи манбаъҳои об, «аз ҷумла пиряхҳое, ки босуръат тағйир меёбанд», даъват кард. Ӯ ёдовар шуд, ки моҳи декабр дар Абу-Добӣ Конфронси оби СММ баргузор мешавад ва соли 2028 Душанбе мизбони конфронси ҷамъбастии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» хоҳад буд.
Вазир суханронии худро бо даъват ба пуштибонӣ аз ҳамкорӣ ба анҷом расонд: «Интихобе, ки мо имрӯз мекунем, ҷаҳонеро муайян мекунад, ки фардо боқӣ мегузорем.» Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон бояд «ҳамкориро ба ҷойи муқовимат, муколамаро ба ҷойи ҷудоӣ ва умедро ба ҷойи тарс» интихоб кунад.
Русия: «Ғарб торафт бештар ба зӯри бераҳмона рӯ меорад"Дар рӯзи панҷуми мубоҳиса дар СММ, намояндагони дигар кишвраҳо ҳам баромад карданд. Аз ҷумла Сергей Лавров зимни суханроинаш кишварҳои ғарбиро ба беэътиноӣ ба ҳаёти миллионҳо инсон айбдор кард.
«Ғарб торафт бештар ба зӯрии бераҳмона рӯ меорад, пешгӯинашаванда ва бепарвоёна амал мекунад ва ҷону некӯаҳволии миллионҳо, агар на миллиардҳо сокини сайёраи моро зери хатар мегузорад», — гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, ҷаҳон «тағйироти бунёдӣ"-ро аз сар мегузаронад ва низоми бисёрқутба ташаккул меёбад.

Сергей Лавров. Акс аз Хадамоти матбуотии СММ
Лавров дар бораи Украина гуфт, ки ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ ба даст меоянд, таҳдидҳо ба амнияти Русия аз байн бурда мешаванд. Вай кишварҳои Аврупоро ба мусаллаҳ кардани Украина ва монеъ шудан ба гуфтушунидҳои сулҳ айбдор кард.
Ӯ, ҳамчунин аз Амрико хост, ки Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла ва ҳамсарашро «фавран озод» кунад. Моҳи январи соли ҷорӣ нерӯҳои Амрико дар Каракас Мадуроро дастгир карда, ба Ню-Йорк бурда буданд.
"
Сергей Лавров эълон кард, ки Русия, Беларус ва «шарикони ҳамфикр» корро болои «Оинномаи авруосиёии гуногунрангӣ ва бисёрқутбӣ дар асри 21"-ро оғоз кардаанд. Ӯ инро «меъмории нави сулҳ ва рушд дар тамоми қитъа» номид.
Дар бораи ислоҳоти Шӯрои амният Лавров гуфт, ки Русия ба гирифтани курсии доимӣ аз ҷониби Олмон ва Ҷопон мухолиф аст, вале Бразилия, Ҳинд ва кишварҳои Африқоро дастгирӣ мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Ҳинд ба Шаҳбоз Шариф посух додСубраманям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳинд ба суханронии Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, ки рӯзи пеш аз ҳамин минбар Кашмирро «шоҳраги Покистон» номида буд, посух дод. «Дирӯз як амалкунандаи доимии терроризм дар назди ин Маҷмаъ воқеиятро таҳриф кард», — гуфт вазири корҳои хориҷии Ҳинд.

Субраманям Ҷайшанкар. Акс аз Хадамоти матбуотии СММ
Ҷайшанкар терроризмро «таҳдиди доимӣ ба сулҳ» номида, афзуд: «Ин ки он метавонад аз ҷониби давлат дастгирӣ шавад ва ҳадафи фаромарзӣ дошта бошад, ба низоми ҷаҳонӣ таҳқири мустақим аст».
Вазири хориҷаи Ҳинд ҳамчунин гуфт, дӯстӣ ва ҳусни ният бо терроризм ҳамзистӣ карда наметавонанд ва созишҳое, ки бар ин асос бастаанд, табиатан зери суол мераванд.
Ҷайшанкар ҳамчунин аз таъсиси давлати Фаластин ҷонибдорӣ кард: «Мо боварӣ дорем, ки сулҳи пойдор ва дарозмуддат ҳалли дудавлатиро тақозо мекунад».
Чин: «Ҷаҳон сулҳ мехоҳад, на ҷанг"Хан Чжэн, ҷонишини раисҷумҳури Чин, кушод. аз ҳифзи низоми ҷаҳонии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ карда, гуфт, ҷаҳон сулҳ мехоҳад, на ҷанг«. Ӯ ба ҳалли баҳсҳо тавассути гуфтушунид, на бо „амалиёти якҷонибаи низомӣ“ даъват кард. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ҳамин шабу рӯзҳо ба Вашингтон омад, вале ба Ню-Йорк наомад.

Хан Чжэн. Акс аз Хадамоти матбуотии СММ
Ҷонишини раисҷумҳури Чин гуфт, ки барқарорсозии Ғазза бояд „тибқи принсипи идораи Фаластин аз ҷониби фаластиниҳо“ сурат гирад. Ӯ аз Амрико хост, ки муҳосираи Кубаро бекор кунад, ва ба муқобили ҳимоятгароӣ дар тиҷорат баромад кард.
Дар идома чӣ мешавад?Рӯзи якшанбе дар СММ ҷаласа баргузор намешавад. Мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 81-ум рӯзи душанбе, 28-уми сентябр, бо суханронии боқимондаи ҳайатҳо ба охир мерасанд.
Бояд гуфт, ки рӯзи аввали ҷаласа бо суханронии Доналд Трамп, изҳори нигаронӣ аз заиф шудани нақши СММ ва эътирозҳои Исроил ва Куба гузашт. Рӯзи аввали ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед. Рӯзи дуюм намояндагони Амрико ва Исроил ҳангоми суханронии Масъуди Пизишкиён толорро тарк карданд. Рӯзи дуюм чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед.
Рӯзи сеюм Бинямин Натаняҳу дар толори қариб холӣ сухан гуфт. Рӯзи сеюм бо чӣ хотирмон шуд? Ин ҷо хонед. Рӯзи чорум Шаҳбоз Шариф ва Ҳинд аз минбари СММ ба ҳам айбҳои тунд заданд. Рӯзи чорум чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Маҷмааи умумии СММ соле як бор баргузор мешаванд ва дар онҳо сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо дар бораи масъалаҳои доғи рӯз андешаи худро баён мекунанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Дар ин рӯз, ҳамчунин Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суханронии худ Ғарбро ба «зӯрии бераҳмона» айбдор кард, Субраманям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳинд, Покистонро «амалкунандаи доимии терроризм» номид ва Хан Чжэн, ҷонишини раисҷумҳури Чин, ба ҳифзи низоми ҷаҳонии пас аз ҷанг даъват кард.
Ин гузориш бар асоси маводи Хадамоти хабарии СММ, ТАСС, ANI, Associated Press ва дигар расонаҳо таҳия шудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин: «Узвият дар Шӯрои амният мақом не, масъулият аст"Сироҷиддин Муҳриддин суханронии худро бо ҳушдор дар бораи вазъи ҷаҳон оғоз кард ва гуфт, «низоъҳо зиёд мешаванд, эътимод аз байн меравад ва номуайянӣ ба як қисми ҳаёти ҳаррӯзаи мо табдил меёбад».
Ба гуфтаи ӯ, «сулҳро наметавон ҳамчун чизи тайёр қабул кард: онро бояд бунёду ҳифз кард ва ба наслҳои оянда супурд». Вазири корҳои хориҷии кишвари мо таъкид кард, ки масъулият барои сулҳ бо насли имрӯза тамом намешавад.

"
«Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти барои солҳои 2028–2029 номзад шудааст. Барои таҳкими СММ масъулияти бештар лозим аст. Тоҷикистон ба ин омода аст», — гуфт ӯ
Ба гуфтаи вазир, «узвият дар Шӯрои амният ягон мақом нест, балки масъулият барои ҳифзи Оинномаи СММ аст». Вай афзалиятҳои Тоҷикистонро дар ин ниҳод, таҳкими сулҳ, масъалаҳои об, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуши маснӯӣ номид.
Шӯрои амнияти СММ аз 15 узв иборат аст. Панҷ кишвар — Амрико, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса узви доимӣ буда, ҳаққи «вето"-ро, яъне рад кардани ҳар қарореро доранд. Даҳ узви дигарро Маҷмааи умумӣ ба мӯҳлати ду сол интихоб мекунад ва барои ин ҳар номзад бояд овози ду-сеяки кишварҳоро ба даст орад. Интихоботи узвҳои ғайридоимӣ одатан моҳи июни соли пеш аз оғози мӯҳлат баргузор мешавад. Номзадии Тоҷикистонро пештар кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дастгирӣ карда буданд.
Имсол Қирғизистон барои ду соли оянда (2027-2028) узви Шӯрои амнияти СММ шуд. Сироҷиддин Муҳриддин зимни баромадаш Қирғизистонро бо ин табрик гуфт.
Вазири корҳои хориҷии кишвари мо ҳамчунин аз ислоҳоти СММ ҷонибдорӣ карда, гуфт, ислоҳот худ ҳадаф нест, ислоҳот бояд СММ-ро самараноктар, чандиртар ва ҳамоҳангтар кунад.
Аз Ғазза то пиряхҳо: Тоҷикистон дар СММ боз чӣ гуфт?Сироҷиддин Муҳриддин дар идома аз вазъ дар Ғазза изҳори нигаронӣ кард ва ба оташбаси пойдор ва дастрасии бемамониат ба кумаки башардӯстона даъват кард.
"
Ӯ дар бораи Афғонистон гуфт: «Тоҷикистон дастгирии мардуми Афғонистон ва ҳамкории созандаи минтақавиро ба хотири сулҳ ва субот идома медиҳад».

Вазир ба таҷрибаи Тоҷикистон низ ишора кард: сулҳ дар кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ «ба шарофати гуфтушунид ва созиш ба даст омад ва СММ шарики муҳими ин раванд гардид».
Номбурда аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон низз ёдовар шуд. Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, эълон шудааст, моҳи июни соли 2027 бо конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе оғоз мегардад. Ба гуфтаи вазир, бо ташаббуси Душанбе Маҷмааи умумии СММ соли 2027-ро Соли байналмилалии саводнокии ҳуқуқӣ низ эълон кардааст.
Дар бахши об, Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳифзи манбаъҳои об, «аз ҷумла пиряхҳое, ки босуръат тағйир меёбанд», даъват кард. Ӯ ёдовар шуд, ки моҳи декабр дар Абу-Добӣ Конфронси оби СММ баргузор мешавад ва соли 2028 Душанбе мизбони конфронси ҷамъбастии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» хоҳад буд.
Вазир суханронии худро бо даъват ба пуштибонӣ аз ҳамкорӣ ба анҷом расонд: «Интихобе, ки мо имрӯз мекунем, ҷаҳонеро муайян мекунад, ки фардо боқӣ мегузорем.» Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон бояд «ҳамкориро ба ҷойи муқовимат, муколамаро ба ҷойи ҷудоӣ ва умедро ба ҷойи тарс» интихоб кунад.
Русия: «Ғарб торафт бештар ба зӯри бераҳмона рӯ меорад"Дар рӯзи панҷуми мубоҳиса дар СММ, намояндагони дигар кишвраҳо ҳам баромад карданд. Аз ҷумла Сергей Лавров зимни суханроинаш кишварҳои ғарбиро ба беэътиноӣ ба ҳаёти миллионҳо инсон айбдор кард.
«Ғарб торафт бештар ба зӯрии бераҳмона рӯ меорад, пешгӯинашаванда ва бепарвоёна амал мекунад ва ҷону некӯаҳволии миллионҳо, агар на миллиардҳо сокини сайёраи моро зери хатар мегузорад», — гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, ҷаҳон «тағйироти бунёдӣ"-ро аз сар мегузаронад ва низоми бисёрқутба ташаккул меёбад.

Лавров дар бораи Украина гуфт, ки ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ ба даст меоянд, таҳдидҳо ба амнияти Русия аз байн бурда мешаванд. Вай кишварҳои Аврупоро ба мусаллаҳ кардани Украина ва монеъ шудан ба гуфтушунидҳои сулҳ айбдор кард.
Ӯ, ҳамчунин аз Амрико хост, ки Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла ва ҳамсарашро «фавран озод» кунад. Моҳи январи соли ҷорӣ нерӯҳои Амрико дар Каракас Мадуроро дастгир карда, ба Ню-Йорк бурда буданд.
"
Вазири хориҷаи Русия куштори Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Эрон ва ҳамроҳонашро дар ҷанги соли ҷорӣ «зуҳуроти дигари қобили қабул набудани диктатураи зӯрӣ» номид. Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳо ба иншооти ҳастаии Эрон ба низоми адами паҳни силоҳи ҳастаӣ «зарари ҷуброннопазир» расонданд.
Сергей Лавров эълон кард, ки Русия, Беларус ва «шарикони ҳамфикр» корро болои «Оинномаи авруосиёии гуногунрангӣ ва бисёрқутбӣ дар асри 21"-ро оғоз кардаанд. Ӯ инро «меъмории нави сулҳ ва рушд дар тамоми қитъа» номид.
Дар бораи ислоҳоти Шӯрои амният Лавров гуфт, ки Русия ба гирифтани курсии доимӣ аз ҷониби Олмон ва Ҷопон мухолиф аст, вале Бразилия, Ҳинд ва кишварҳои Африқоро дастгирӣ мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Ҳинд ба Шаҳбоз Шариф посух додСубраманям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳинд ба суханронии Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, ки рӯзи пеш аз ҳамин минбар Кашмирро «шоҳраги Покистон» номида буд, посух дод. «Дирӯз як амалкунандаи доимии терроризм дар назди ин Маҷмаъ воқеиятро таҳриф кард», — гуфт вазири корҳои хориҷии Ҳинд.

Ҷайшанкар терроризмро «таҳдиди доимӣ ба сулҳ» номида, афзуд: «Ин ки он метавонад аз ҷониби давлат дастгирӣ шавад ва ҳадафи фаромарзӣ дошта бошад, ба низоми ҷаҳонӣ таҳқири мустақим аст».
Вазири хориҷаи Ҳинд ҳамчунин гуфт, дӯстӣ ва ҳусни ният бо терроризм ҳамзистӣ карда наметавонанд ва созишҳое, ки бар ин асос бастаанд, табиатан зери суол мераванд.
Ҷайшанкар ҳамчунин аз таъсиси давлати Фаластин ҷонибдорӣ кард: «Мо боварӣ дорем, ки сулҳи пойдор ва дарозмуддат ҳалли дудавлатиро тақозо мекунад».
Чин: «Ҷаҳон сулҳ мехоҳад, на ҷанг"Хан Чжэн, ҷонишини раисҷумҳури Чин, кушод. аз ҳифзи низоми ҷаҳонии пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ карда, гуфт, ҷаҳон сулҳ мехоҳад, на ҷанг«. Ӯ ба ҳалли баҳсҳо тавассути гуфтушунид, на бо „амалиёти якҷонибаи низомӣ“ даъват кард. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ҳамин шабу рӯзҳо ба Вашингтон омад, вале ба Ню-Йорк наомад.

Ҷонишини раисҷумҳури Чин гуфт, ки барқарорсозии Ғазза бояд „тибқи принсипи идораи Фаластин аз ҷониби фаластиниҳо“ сурат гирад. Ӯ аз Амрико хост, ки муҳосираи Кубаро бекор кунад, ва ба муқобили ҳимоятгароӣ дар тиҷорат баромад кард.
Дар идома чӣ мешавад?Рӯзи якшанбе дар СММ ҷаласа баргузор намешавад. Мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 81-ум рӯзи душанбе, 28-уми сентябр, бо суханронии боқимондаи ҳайатҳо ба охир мерасанд.
Бояд гуфт, ки рӯзи аввали ҷаласа бо суханронии Доналд Трамп, изҳори нигаронӣ аз заиф шудани нақши СММ ва эътирозҳои Исроил ва Куба гузашт. Рӯзи аввали ҷаласаи 81-уми Маҷмааи умумии СММ чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед. Рӯзи дуюм намояндагони Амрико ва Исроил ҳангоми суханронии Масъуди Пизишкиён толорро тарк карданд. Рӯзи дуюм чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед.
Рӯзи сеюм Бинямин Натаняҳу дар толори қариб холӣ сухан гуфт. Рӯзи сеюм бо чӣ хотирмон шуд? Ин ҷо хонед. Рӯзи чорум Шаҳбоз Шариф ва Ҳинд аз минбари СММ ба ҳам айбҳои тунд заданд. Рӯзи чорум чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Маҷмааи умумии СММ соле як бор баргузор мешаванд ва дар онҳо сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо дар бораи масъалаҳои доғи рӯз андешаи худро баён мекунанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)