Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Песков дар нишасти хабарӣ дар Кремл гуфт, Украина бояд барои иқдомҳои моҳҳои ахираш ҷавоб диҳад ва ин раванд ҳоло идома дорад.
Ӯ дар бораи идомаи амалиёти низомии Русия дар Украина гуфт, артиши Русия пайваста ба ҳадафҳои муайяншуда ҳамла мекунад.
Сухангӯи Кремл ҳамчунин, ба мавқеи Владимир Путин дар бораи роҳҳои ҳалли низоъи Украина ва идомаи музокирот ишора карда, гуфт, изҳороти президенти Русия дар ин масъала «фарогир ва равшан» аст.
Песков ҳамзамон аз эҳёи музокироти Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи назорати аслиҳа ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфт, ҳар гуна созиш дар ин замина ба омодагии дақиқ ниёз дорад ва набояд интизор дошт, ки натиҷаҳо зуд ба даст меоянд.
Дар посух ба дархостҳои Иёлоти Муттаҳида барои ҷалби Чин ба музокироти назорати аслиҳа, Песков гуфт, то ҷое ки Русия огоҳ аст, мавқеи Пекин дар ин масъала тағйир наёфтааст.
Ӯ таъкид кард, ки музокироти марбут ба назорати аслиҳа масъалаи печида буда, ба гуфтугӯҳои тӯлонӣ дар сатҳи коршиносӣ ниёз дорад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)