Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Шурои Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе эълон кард, ки дороиҳои шахсону ниҳодҳои таҳримшуда дар кишварҳои узви ин иттиҳод масдуд мешаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандон ва ширкатҳои аврупоӣ аз пешниҳоди маблағ ва дигар манбаъҳои молиявӣ ба онҳо манъ мешаванд.
Афроди воридшуда ба феҳристи таҳримҳо ҳамчунин, ҳаққи вуруд ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ё убур аз қаламрави онҳоро нахоҳанд дошт.
Дар миёни афроди таҳримшуда Рустам Миннихонов, раиси Ҷумҳурии Тотористон, низ ҳаст. Кумитаи сайёҳии шаҳри Маскав, чанд ширкати сайёҳӣ ва марказҳои истироҳативу варзишӣ низ ба ин рӯйхат дохил шудаанд.
Лагери «Сонгдовон» дар Кореяи Шимолӣ низ ба феҳристи таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо ворид шудааст.
Шурои Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, афрод ва ниҳодҳои мазкур ба далели нақш доштан дар интиқоли кӯдакони украинӣ ба Русия ва минтақаҳои таҳти назорати Русия таҳрим шудаанд.
Иттиҳоди Аврупо аз оғози ҷанги Русия ва Украина дар моҳи феврали соли 2022 як қатор таҳримҳои иқтисодӣ ва молиявиро алайҳи Маскав ҷорӣ кардааст. Ин маҳдудиятҳо бахшҳои бонкдорӣ, энергетика, тиҷорат ва нақлиётро дар бар мегиранд.
Брюссел ҳамчунин, аз Украина пуштибонии сиёсӣ, молӣ ва низомӣ мекунад. Иттиҳоди Аврупо аз моҳи ноябри соли 2022 барои низомиёни украинӣ барномаҳои омӯзиши низомӣ низ роҳандозӣ кардааст.
Мақомоти Русия борҳо таҳримҳои Ғарбро ғайриқонунӣ хонда, ҳушдор додаанд, ки идомаи чунин маҳдудиятҳо метавонад ба иқтисоди кишварҳои аврупоӣ низ таъсири манфӣ расонад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)