"Сомон Эйр" чархболи русии Ми-8-ро хариду дар масири Душанбе-ВМКБ-Душанбе санҷид
Чархболи русии Ми-8АМТ барои интиқоли мусофирон ва интиқоли борҳои калонҳаҷм то амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот пешбинӣ шудааст
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парки худро бо чархболи Русия тавсеа дод, хабар медиҳад котиботи ширкат.
Ба итилои манбаъ, ширкат чархболи Ми-8АМТ-ро аз Русия харидааст, ки онро корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдинги “Вертолёты России” (Чархболҳои Русия) истеҳсол шудааст.корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдинги Вертолётҳои Русия истеҳсол кардааст.
“Чархбол дар шароити гуногуни иқлимӣ, аз ҷумла намии баланд, ҳарорати паст, шамоли сахт ва туман худро хуб нишон додааст. Чархболи Mи-8AMT барои иҷрои вазифаҳои гуноногун - аз интиқоли мусофирону борҳои калонҳаҷм то амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ мутобиқ мебошад” ,-афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, чархбол имкони интиқоли то 24 нафар мусофирро дошта, иқтидори борбардориаш то 4 тонна ва дурии парвозаш то 800 км мебошад.
Нахустин парвози санҷишии чархболи нави Ми-8АМТ дар Тоҷикистон аз ҷониби озмоишгарони корхонаи истеҳсолкунанда дар арафаи 96-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон дар масири Душанбе-ВМКБ-Душанбе анҷом дода шудааст.
“Дар ҷараёни он имкониятҳои техникии чархбол дар шароити душвори кӯҳистон, парвоз ва фуруд дар нуқтаҳои таъинотӣ озмуда шуданд”,-афзудааст котиботи ширкат .
Гуфта мешавад, Ми-8АТМ чархболи аввалини “Сомон Эйр” набуда, моҳи октябри соли 2019 ширкати ҳавопаймоӣ чархболи нави Airbus H125-ро бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар, таблиғи табиат, мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ворид намуд.
Комментарии (0)