Alif Бонк дар ҳамкорӣ бо Mastercard хизматрасонии Apple Pay-ро барои муштариёни худ дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуд
Алиф Бонк дар ҳамкорӣ бо Mastercard барои муштариён дар Тоҷикистон хидматрасонии Apple Pay-ро роҳандозӣ намуд, ки роҳи боз ҳам бехатар, боэътимод ва қулай барои пардохт дар мағозаҳо, барномаҳо ва интернет мебошад.
Акнун дорандагони кортҳои Mastercard-и Алиф Бонк метавонанд харидҳои худро тавассути iPhone, Apple Watch, iPad ва Mac зуд, қулай ва бехатар пардохт намоянд.
Барои пардохт кардани харид дар мағоза, муштарӣ бояд тугмаи паҳлӯи таҷҳизотро ду маротиба пахш карда, iPhone ё Apple Watch-ро ба терминали пардохт наздик кунад, то ин ки пардохти бетамос иҷро шавад.
Ҳар як амалиёт дар Apple Pay бо тасдиқи шахсият тавассути Face ID, Touch ID ё рамзи махфии таҷҳизот ва инчунин бо рамзи ягонаи яккаратаи амниятии динамикӣ муҳофизат карда шудааст.
Имрӯз пардохт бо Apple Pay дар мағозаҳои гуногун, дорухонаҳо, таксӣ, тарабхонаҳо ва бисёр ҷойҳои дигар қабул карда мешавад. Apple Pay пардохти таҳвили таомҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ, харидҳо дар интернет, нақлиёт, таваққуфгоҳ ва ғайраро осон мекунад. Як маротиба кортро илова карда, дигар вориди маълумоти он шудан ҳангоми ҳар як харид лозим нест.
Санжар Жамалов, Директори генералии Mastercard дар Осиёи Марказӣ изҳор намуд, ки «мо ҳамоно шоҳиди рушди устувори пардохтҳои рақамӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар маҷмӯъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастем. Бо афзоиши талаботи истеъмолкунандагон ба тадбиқи самараноки пардохтҳои рақамӣ, Mastercard ҳамкориро бо бонкҳои шарик идома дода, қарорҳои инноватсионии пардохтиро дар бозор роҳандозӣ мекунад ва имкониятҳои пардохтро барои дорандагони кортҳо боз ҳам васеъ мегардонад. Роҳандозии Apple Pay — ин марҳилаи муҳим дар рушди экосистемаи пардохтҳои рақамии Тоҷикистон буда, ба дорандагони кортҳои Mastercard имкон медиҳад, ки тавассути дастгоҳҳои Apple, ки онҳоро ҳамарӯза истифода мебаранд, харидҳоро зуд, қулай ва бехатар пардохт намоянд».
Apple Pay дар асоси принсипҳои амният ва махфият таҳия карда шудааст. Ҳангоми истифодаи кортҳои кредитӣ ё дебетӣ дар Apple Pay рақамҳои воқеии кортҳо дар таҷҳизот ё дар серверҳои Apple нигоҳ дошта намешаванд. Ба ҷойи он, рақами ягонаи ҳисоби таҷҳизот (Device Account Number) таъйин карда мешавад, ки рамзгузорӣ шуда, ба таври бехатар дар чипи муҳофизатшудаи Secure Element нигоҳ дошта мешавад. Он чип ҷузъи аз рӯи стандартҳои соҳавӣ сертификатсияшуда мебошад, ки барои дар дастгоҳ ба таври бехатар нигоҳ доштани маълумоти пардохт тарҳрезӣ шудааст.
Танзим кардани Apple Pay осон аст. Барои он, дар iPhone барномаи Wallet-ро кушода, «+"-ро пахш кунед ва дастурамали илова кардани кортҳои кредитӣ ё дебетиро иҷро кунед. Баъд аз он ки корбар кортро дар iPhone, Apple Watch, iPad ё Mac илова мекунад, ӯ ҳамон лаҳза метавонад дар он дастгоҳи пардохти Apple Pay-ро истифода барад. Илова бар ин, ҳамаи бонусҳо ва бартариҳои истифодаи кортҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Дар Тоҷикистон Apple Pay ба дорандагони кортҳои Mastercard-и Алиф Бонк дастрас аст.
Маълумоти муфассалро дар вебсайти бонк пайдо кардан мумкин аст.
Сарчашма:khovar.tj
Акнун дорандагони кортҳои Mastercard-и Алиф Бонк метавонанд харидҳои худро тавассути iPhone, Apple Watch, iPad ва Mac зуд, қулай ва бехатар пардохт намоянд.
Барои пардохт кардани харид дар мағоза, муштарӣ бояд тугмаи паҳлӯи таҷҳизотро ду маротиба пахш карда, iPhone ё Apple Watch-ро ба терминали пардохт наздик кунад, то ин ки пардохти бетамос иҷро шавад.
Ҳар як амалиёт дар Apple Pay бо тасдиқи шахсият тавассути Face ID, Touch ID ё рамзи махфии таҷҳизот ва инчунин бо рамзи ягонаи яккаратаи амниятии динамикӣ муҳофизат карда шудааст.
Имрӯз пардохт бо Apple Pay дар мағозаҳои гуногун, дорухонаҳо, таксӣ, тарабхонаҳо ва бисёр ҷойҳои дигар қабул карда мешавад. Apple Pay пардохти таҳвили таомҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ, харидҳо дар интернет, нақлиёт, таваққуфгоҳ ва ғайраро осон мекунад. Як маротиба кортро илова карда, дигар вориди маълумоти он шудан ҳангоми ҳар як харид лозим нест.
Санжар Жамалов, Директори генералии Mastercard дар Осиёи Марказӣ изҳор намуд, ки «мо ҳамоно шоҳиди рушди устувори пардохтҳои рақамӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар маҷмӯъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастем. Бо афзоиши талаботи истеъмолкунандагон ба тадбиқи самараноки пардохтҳои рақамӣ, Mastercard ҳамкориро бо бонкҳои шарик идома дода, қарорҳои инноватсионии пардохтиро дар бозор роҳандозӣ мекунад ва имкониятҳои пардохтро барои дорандагони кортҳо боз ҳам васеъ мегардонад. Роҳандозии Apple Pay — ин марҳилаи муҳим дар рушди экосистемаи пардохтҳои рақамии Тоҷикистон буда, ба дорандагони кортҳои Mastercard имкон медиҳад, ки тавассути дастгоҳҳои Apple, ки онҳоро ҳамарӯза истифода мебаранд, харидҳоро зуд, қулай ва бехатар пардохт намоянд».Apple Pay дар асоси принсипҳои амният ва махфият таҳия карда шудааст. Ҳангоми истифодаи кортҳои кредитӣ ё дебетӣ дар Apple Pay рақамҳои воқеии кортҳо дар таҷҳизот ё дар серверҳои Apple нигоҳ дошта намешаванд. Ба ҷойи он, рақами ягонаи ҳисоби таҷҳизот (Device Account Number) таъйин карда мешавад, ки рамзгузорӣ шуда, ба таври бехатар дар чипи муҳофизатшудаи Secure Element нигоҳ дошта мешавад. Он чип ҷузъи аз рӯи стандартҳои соҳавӣ сертификатсияшуда мебошад, ки барои дар дастгоҳ ба таври бехатар нигоҳ доштани маълумоти пардохт тарҳрезӣ шудааст.
Танзим кардани Apple Pay осон аст. Барои он, дар iPhone барномаи Wallet-ро кушода, «+"-ро пахш кунед ва дастурамали илова кардани кортҳои кредитӣ ё дебетиро иҷро кунед. Баъд аз он ки корбар кортро дар iPhone, Apple Watch, iPad ё Mac илова мекунад, ӯ ҳамон лаҳза метавонад дар он дастгоҳи пардохти Apple Pay-ро истифода барад. Илова бар ин, ҳамаи бонусҳо ва бартариҳои истифодаи кортҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Дар Тоҷикистон Apple Pay ба дорандагони кортҳои Mastercard-и Алиф Бонк дастрас аст.
Маълумоти муфассалро дар вебсайти бонк пайдо кардан мумкин аст.
Сарчашма:khovar.tj
Комментарии (0)