< НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 14 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 14 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 14 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
​ Соли 2025 дар шаҳри Турсунзода 425 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 36 муассисаи таълимӣ барои 12 130 хонанда ва 7 муассисаи томактабӣ барои 1012 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар 398 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 24 мактаб барои 10 356 хонанда ва 6 муассисаи томактабии хусусӣ барои 1000 кӯдак идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба хабарнигорон баён намуд.

Иброз гардид, ки дар шаҳри Турсунзода 97 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 як корхона зиёд аст. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 5972 нафар сокинон фаъолият менамоянд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 14 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудааст. Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба як миллиарду 158,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 147,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи иҷрои нақшаи бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии 459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 464 иншоот, аз қабили 82 иншоот дар соҳаи маориф, 34 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 31 иншооти варзишӣ, 83 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 14 корхонаи саноатӣ, таъмири роҳ дар 66 мавзеъ, сохтмони 8 пули мошингузар, 8 сардхона, 4 гармхона, кашидани хати оби нӯшокӣ дар 12 мавзеъ ва 122 иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи 747 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар айни замон сохтмони 47 иншооти иловагии таъйиноти гуногун идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Соли 2025 ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, фаъолон ва сокинону соҳибкорон дар ҳудуди шаҳри Турсунзода 74,6 км роҳҳо мумфарш ва 30,4 км роҳҳо бетонпӯш гардиданд. Дар шаш моҳи соли 2026 32,6 километр роҳҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мумфаршу бетонпӯш карда шуданд.


Сарчашма:khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий