Пас аз чанд рӯзи оромӣ Ховари Миёна дубора даргир шуд. Доманаи танишҳо то Миср расид
Даргирӣ дар Ховари Миёна пас аз чанд рӯзи таваққуфи ҳамлаҳо, чанд рӯзи охир бо ҳамлаи Амрико ба Эрон ва Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳо ва зерсохтҳои низомии Амрико дар минтақа аз сар гирифта шуд.
Чанд лаҳза пеш, Сипоҳи посдорони инқилоби Исломи Эрон дар баёнияе иттилоъ дод, ки дар посух ба ҳамлаҳои субҳи 30-юми июли Амрико ба хоки Эрон, ки боиси куштаву захмӣ шудани чанд тан шуд, пойгоҳи ҳавоии «Ал-Азрақ"-ро дар Урдун ҳадаф қарор додааст. Ба иттилои Сипоҳ дар ин ҳамла се ҷангандаи «F35"-и Амрико нобуд карда шуд.
Аз ин пештар, субҳи имрӯз, Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) хабар дод, ки ба «даҳҳо» ҳадафи Сипоси посдорони инқилоби Исломӣ дар Эрон зарба задааст.
"
Расонаҳои эронӣ субҳи 30-юми июл аз садои инфиҷор дар чанде аз шаҳру шаҳристонҳо ҷануб ва ғарби Эрон хабар доданд, ки дар пайи он кушта шудани ғайринизомиён низ сабт шудааст.

Хонаи маскунӣ дар Қишм, ки мавриди ҳамлаи Амрико қарор гирифт ва дастикам се кас кушта шуд, Акс аз «Форс»
Аз ҷумла, мақомоти маҳаллии вилояти Ҳурмузгон иттилоъ доданд, ки дар ҷазираи Қишм як бинои маскунӣ қарор гирифта, дастикам се ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдаки 2-сола кушта шудаанд. Ҳамчунин, тасвирҳое аз талош барои берун овардани онҳое, ки зери харобаҳо қарор гирифтанд, нашр шуд.
Ба ҷуз ин расонаҳои дохилии Эрон аз ҳамлаҳо ба чанд нуқтаи вилояти Хузистон, аз ҷумла шаҳри Аҳвоз, вилоятҳои Форс ва Занҷон хабар доданд. Дар хусуси осеби ин ҳамлаҳо ҷузъиёти дигаре нашр нашудааст. Дар ҳамла ба вилояти Занҷон се низомии Сипоҳ кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки чанд рӯз пештар аз «музокироте бисёр дӯстона» бо Эрон суҳбат мекард, рӯзи 29-уми июл бо таҳдиди Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, «зарбаи сахте дар интизори Эрон аст».
Ӯ дар Кохи Сафед ба дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, Вашингтон баррасӣ хоҳад кард, ки оё тавофуқе ҳосил мешавад ё на, аммо «қарор аст зарбаи бисёр сахте ба онҳо бизанем, чун ҳоло навбати мост, ки ба онҳо зарба бизанем».

Доналд Трамп, Акс аз EPA
Хабаргузории «ИРНА» рӯзи 30-юми июл аз қавли Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон навишт, ки «таҳдид карданҳо ва мудохила, шароитро сахттар ва печидатар хоҳад кард».
"
Ин дар ҳолест, ки дирӯз CENTCOM эълом карда буд, ки Сипоҳи Посдорон «ҳеҷ ихтиёре барои таъйини масири ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз надорад».
Сипос, ҳамчунин бидуни ном бурдан аз кишваре гуфт, «кишварҳое, ки дар кумак ба мутаҷовиз дахолат доранд (шарик ҳастанд), агар рафтори худро ислоҳ накунанд, посухи сахте дарёфт хоҳанд кард».
Дар пайи ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон ба пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна, Урдун эълом кард, ки 5 мушаки аз самти Эрон партобшударо раҳгирӣ ва нобуд кардааст.

Дуд дар бандаре дар Миср, ки ду киштии амрикоӣ ҳадаф қарор гирифтанд, Акс аз UGC/Reuters
Кувайт ҳам эълон кард, ки дар ҳамлаи 30-юми июли Эрон ба сохтмони як ширкати чинӣ, як коргари кушта шуд. Ҳамчунин, ин ҳамла боиси «ворид шудани хисороти моддии қобили таваҷҷуҳ ба сохтмон» низ шудааст.
Сипоҳ чанд пеш ҳамла ба Кувайтро тасдиқ кард ва гуфт, дар ин ҳамла пойгоҳи ҳавоии амрикоии «Ало-ас-Солим"-ро ҳадаф қарор дода, ду ҷойи нигаҳдошти паҳпод ва махзани сӯхти ҳавопаймо ва чархболҳои низомиро «ба оташ кашида ва нобуд карданд».
Ҳамчунин, рӯзи 29-уми июл ду нафткаши ҳомили гази як таъсисоти захирасозии гази табии марбут ба Амрико дар Миср мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифт. Ин аввалин ҳамлае аст, ки аз оғози ҷанги ахири Амрикову Эрон қаламрави Миср ҳадаф қарор гирифтааст. Ҳоло маълум нест, ки масъули ин ҳамла кӣ будааст. Вале ба гузориши расонаҳо ҳамла ба бандари Миср замоне рух дод, ки Эрон ба пойгоҳи Амрико дар Урдун зарба зада буд ва Иёлоти Муттаҳида якҷо бо Арабистони Саудӣ гурӯҳҳои низомии наздик ба Эронро дар Ироқ ҳадаф қарор дода буд.
Ин даргириҳо пас аз чанд рӯзи нисбатан ором дар Ховари Миёна шиддат гирифта, домани он ҳам васеътар мешавад. Дар рӯзҳои гузашта, ҳар ду тараф ҳамалоти худро мутаваққиф карда буданд ва расонаҳо аз талошҳо барои барқарор кардани роҳҳои дипломатӣ гузориш медоданд.
Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки «музокироте бисёр дӯстона» бо Эрон идома дорад, вале Теҳрон анҷоми ҳаргуна музокираро рад кард.
Покистон ҳам рӯзи 30-юми июл гуфт, талош дорад, то Амрикову Эронро дар чаҳорчӯби ёддошти тафоҳуми миёни ду кишвар имзошуда, пойи мизи музокирот бозгардонад.
Моҳи феврали имсол, дар оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта буд ҷанг танҳо чанд ҳафта давом хоҳад кард. Аммо бо гузашти панҷ моҳ аз шуруи ҷанг ва васеъ гаштани доманаи он ҳанӯз нишонае аз поёни даргириҳо дида намешавад.
Сарчашмаи баҳси ин ду кишвар чист ва чаро онҳо ба ҳамдигар ҳамла мекунанд? Дар ин пайванд хонед.
Сарчашма: asiaplus.news
Чанд лаҳза пеш, Сипоҳи посдорони инқилоби Исломи Эрон дар баёнияе иттилоъ дод, ки дар посух ба ҳамлаҳои субҳи 30-юми июли Амрико ба хоки Эрон, ки боиси куштаву захмӣ шудани чанд тан шуд, пойгоҳи ҳавоии «Ал-Азрақ"-ро дар Урдун ҳадаф қарор додааст. Ба иттилои Сипоҳ дар ин ҳамла се ҷангандаи «F35"-и Амрико нобуд карда шуд.
Аз ин пештар, субҳи имрӯз, Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) хабар дод, ки ба «даҳҳо» ҳадафи Сипоси посдорони инқилоби Исломӣ дар Эрон зарба задааст.
"
Ба гуфтаи ин ниҳод ҳамла «дар посух ба ҳамлаҳои мушакии рӯзи чоршанбеи 29-уми июли Эрон алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Урдун» сурат гирифтааст. CENTCOM иддао кардааст, ки дар ҳамлаҳои худ «марказҳои фармондеҳии низомӣ, таъсисоти мушакӣ ва паҳподӣ, марказҳои назорат ва дифои соҳилӣ ва қобилиятҳои дарёиро дар Эрон» ҳадаф қарор додааст.
Расонаҳои эронӣ субҳи 30-юми июл аз садои инфиҷор дар чанде аз шаҳру шаҳристонҳо ҷануб ва ғарби Эрон хабар доданд, ки дар пайи он кушта шудани ғайринизомиён низ сабт шудааст.

Аз ҷумла, мақомоти маҳаллии вилояти Ҳурмузгон иттилоъ доданд, ки дар ҷазираи Қишм як бинои маскунӣ қарор гирифта, дастикам се ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдаки 2-сола кушта шудаанд. Ҳамчунин, тасвирҳое аз талош барои берун овардани онҳое, ки зери харобаҳо қарор гирифтанд, нашр шуд.
Ба ҷуз ин расонаҳои дохилии Эрон аз ҳамлаҳо ба чанд нуқтаи вилояти Хузистон, аз ҷумла шаҳри Аҳвоз, вилоятҳои Форс ва Занҷон хабар доданд. Дар хусуси осеби ин ҳамлаҳо ҷузъиёти дигаре нашр нашудааст. Дар ҳамла ба вилояти Занҷон се низомии Сипоҳ кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки чанд рӯз пештар аз «музокироте бисёр дӯстона» бо Эрон суҳбат мекард, рӯзи 29-уми июл бо таҳдиди Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, «зарбаи сахте дар интизори Эрон аст».
Ӯ дар Кохи Сафед ба дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, Вашингтон баррасӣ хоҳад кард, ки оё тавофуқе ҳосил мешавад ё на, аммо «қарор аст зарбаи бисёр сахте ба онҳо бизанем, чун ҳоло навбати мост, ки ба онҳо зарба бизанем».

Хабаргузории «ИРНА» рӯзи 30-юми июл аз қавли Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон навишт, ки «таҳдид карданҳо ва мудохила, шароитро сахттар ва печидатар хоҳад кард».
"
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳ гуфт, ки шаби гузашта, 29-уми июл ду нафткаш бо дахолати Амрико «қасди хуруҷ аз масири ноамни ҷануби тангаи Ҳурмузро доштанд» ва пас аз як зарба ҳарду ба ақиб гаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз CENTCOM эълом карда буд, ки Сипоҳи Посдорон «ҳеҷ ихтиёре барои таъйини масири ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз надорад».
Сипос, ҳамчунин бидуни ном бурдан аз кишваре гуфт, «кишварҳое, ки дар кумак ба мутаҷовиз дахолат доранд (шарик ҳастанд), агар рафтори худро ислоҳ накунанд, посухи сахте дарёфт хоҳанд кард».
Дар пайи ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон ба пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна, Урдун эълом кард, ки 5 мушаки аз самти Эрон партобшударо раҳгирӣ ва нобуд кардааст.

Кувайт ҳам эълон кард, ки дар ҳамлаи 30-юми июли Эрон ба сохтмони як ширкати чинӣ, як коргари кушта шуд. Ҳамчунин, ин ҳамла боиси «ворид шудани хисороти моддии қобили таваҷҷуҳ ба сохтмон» низ шудааст.
Сипоҳ чанд пеш ҳамла ба Кувайтро тасдиқ кард ва гуфт, дар ин ҳамла пойгоҳи ҳавоии амрикоии «Ало-ас-Солим"-ро ҳадаф қарор дода, ду ҷойи нигаҳдошти паҳпод ва махзани сӯхти ҳавопаймо ва чархболҳои низомиро «ба оташ кашида ва нобуд карданд».
Ҳамчунин, рӯзи 29-уми июл ду нафткаши ҳомили гази як таъсисоти захирасозии гази табии марбут ба Амрико дар Миср мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифт. Ин аввалин ҳамлае аст, ки аз оғози ҷанги ахири Амрикову Эрон қаламрави Миср ҳадаф қарор гирифтааст. Ҳоло маълум нест, ки масъули ин ҳамла кӣ будааст. Вале ба гузориши расонаҳо ҳамла ба бандари Миср замоне рух дод, ки Эрон ба пойгоҳи Амрико дар Урдун зарба зада буд ва Иёлоти Муттаҳида якҷо бо Арабистони Саудӣ гурӯҳҳои низомии наздик ба Эронро дар Ироқ ҳадаф қарор дода буд.
Ин даргириҳо пас аз чанд рӯзи нисбатан ором дар Ховари Миёна шиддат гирифта, домани он ҳам васеътар мешавад. Дар рӯзҳои гузашта, ҳар ду тараф ҳамалоти худро мутаваққиф карда буданд ва расонаҳо аз талошҳо барои барқарор кардани роҳҳои дипломатӣ гузориш медоданд.
Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки «музокироте бисёр дӯстона» бо Эрон идома дорад, вале Теҳрон анҷоми ҳаргуна музокираро рад кард.
Покистон ҳам рӯзи 30-юми июл гуфт, талош дорад, то Амрикову Эронро дар чаҳорчӯби ёддошти тафоҳуми миёни ду кишвар имзошуда, пойи мизи музокирот бозгардонад.
Моҳи феврали имсол, дар оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта буд ҷанг танҳо чанд ҳафта давом хоҳад кард. Аммо бо гузашти панҷ моҳ аз шуруи ҷанг ва васеъ гаштани доманаи он ҳанӯз нишонае аз поёни даргириҳо дида намешавад.
Сарчашмаи баҳси ин ду кишвар чист ва чаро онҳо ба ҳамдигар ҳамла мекунанд? Дар ин пайванд хонед.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)