< 35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад

35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
Садҳо сол боз ҳазорҳо  халқияту қавму миллатҳо дар ҳасрати ба даст овардани озодиву истиқлол ҳастанд, ки мутаассифона, ин неъмат барояшон даст намедиҳад.  Истиқлолият дар ҳақиқат ганҷу сарвати бебаҳо аст, аммо мерос намебошад. Агар чунин намебуд, миллати тоҷик баъди Исмоили Сомонӣ дар масири қарнҳои зиёд бо ҳама ғановату сарвати худ пойбарҷо боқӣ мемонд. Яъне истиқлолият масъулият аст ва ғафлатро намепарастад. Албатта, миллати куҳанбунёди мо бо ҳама асолат, қатъи назар аз ноадолатиҳои таърих тавонист мавҷудияти худро нигоҳ дорад. Ба «ҳафт иқлим» салтанат дошт ва ғосибон гумон мекарданд, ки бо тасарруфи марзу бум ҳастии моро маҳв месозанд. Аммо мо боқӣ мондему  забону фарҳанги аҷдодии мо то ҳанӯз сарҳаду марзи моро муайян сохта метавонанд.

Тафсири истиқлолият

Истиқлолият имкон дод, ки миллати тоҷик аз бандҳои асорат раҳо ёфта, шаҳди озодиро чашад. Миллати тоҷик аз миён нарафта буд ва танҳо баъди ҳазор сол аз нав ба тамоми маънӣ аз ҳастии худ дарак дод ва инак 35-умин баҳори тавлиди дубораи худро таҷлил менамояд. Тоҷик миллати куҳанбунёди ҷаҳон аст ва 9 сентябр рӯзи истиқлолу озодиву камолоти он аст. Ин сана дар баробари 35 соли муборак таърихи чандҳазорсолаи моро истиқлол бахшид ва ҳама арзишҳои гумшударо баргардонид. Истиқлолият сиёсати дохилии моро шаклу доираи вусъатдор бахшида, татбиқи муваффақонаи он ҳама соҳаҳоро пеш бурд. Сиёсати дохилӣ аз се рукни ба ҳам пайванд иборат аст: сулҳу ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва дӯстиву рафоқат. Дар сояи ин се рукн садҳо дастоварду пешравию таҳаввулоти дигар қарор мегиранд.

35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аллакай роҳнамоии дилпуронаву қатъӣ барои пойдории минбаъда мебошад. Зеро истиқлолият ин ба сӯйи қуллаи мурод роҳ рафтан ва фатҳ кардани он мебошад. Қуллаҳои муроду ормонҳо зиёданд ва 35 соли истиқлоли Тоҷикистон барои мо идеалҳои (улгу) давлатсозиву эҳёи дубораи миллатро ба вуҷуд овард. Дар ин радиф озодӣ дар ботин бузургтарин истиқлол аст, ки онро Истиқлолияти Ватани азизамон ҳадя кардаву боз ҳам он олами ботинро рангин месозад. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо бо уфуқҳои беҳудуд аз истиқлолият сарчашма мегирад.

Пешвои миллат ва истиқлолият

Аллакай сабти таърихӣ аст, ки остонаи истиқлоли миллати тоҷик ба фоҷиа мубтало буд ва дар маҷмуъ ҳама нобасомониҳои таҳмилшуда бар зидди истиқлолияти мо равона гардида буданд. Яқинан онҳо истиқлолиятро аз миён мебурданд, агар ба майдони давлатдорӣ абармарди ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон намеомад. Танҳо ҷасорату матонат ва донишу заковати як нафар тавонист ин неъматро барои миллати мо нигоҳ дорад. Бо роҳбарии ин абармард 35 соли соҳибистиқлолӣ ба мо чунин дарсро додааст: танҳо Ватан моро дар пушту паноҳи худ нигаҳ медорад, агар истиқлолу ҳастии онро муҳофизу нигаҳбон бошем.

Агар бо қолаби рамзӣ баён намоем, Истиқлолияти давлатӣ барои мо ҳадафҳои стратегии муҳимо (чор стратегия)-ро муайян сохт ва бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ сарбаланд гардид. Яъне танҳо давлати соҳибистиқлол ҳадафи стратегиро барои худ интихоб менамояд ва ба ин мазмун файзи истиқлолу озодӣ аст, ки миллати тоҷик бениёз гардида, бо соҳибихтиёрӣ тибқи барномаҳои мукаммалу бузург зиндагӣ карданро омӯхт. Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35 соли истиқлолият алорағми ҳама гумонҳои нотавонбинону ҳасудон миллати тоҷик соҳиби дастовардҳои беназир гардид, ки ҳатто шумори онҳо мушкил аст.

Истиқлолият- ин, пеш аз ҳама, дар фазои сулҳу суботу оромӣ ва амнияту осиштагӣ зистан мебошад. Ин ҳолатро авзои ҷаҳони муосир бештар собит менамояд, ки чи гуна бо ҳасрату ормонҳо даҳҳо давлату кишварҳо дар суроғи сулҳу осоиштагӣ мебошанд. Аммо сулҳу осоиштагӣ падидаи худрӯ намебошад ва ҳатман фарде дар минбари роҳбарӣ онро эҷоду бунёд намуда, кафили суботи ҷомеа мегардад.

 Аллакай дар ҷаҳони феълӣ таҷрибаву раванди авзоҳо нишон медиҳанд, ки ҷангу харобӣ овардан хеле амали осон аст. Як лаҳзаву як тасмими манфӣ метавонад, ки ихтилофу даргириҳоро ба вуҷуд оварад, ки баъдан хомӯш кардани алангаи он душвор аст. Аҳли башар низ эътироф менамояд ва қаҳрамони асосиву ҳақиқӣ онеро медонад, ки сулҳро барқарор месозад, дар амонӣ зистанро таъмин менамояд ва роҳи ободсозиву бунёдкориро пеш мегирад. Дарвоқеъ, дар кишваре, ки оташи ҷангу хунрезӣ аланга дорад, ҳеҷ вақт ободониву созандагӣ ҷо ёфта наметавонад ва истиқоли имрӯзу ояндаи онро зери суол мебарад. Аз таҷрибаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки Истиқлолияти давлатии мо аз худфидоии ин абармард ва сулҳпарварияшон таҳким ёфтааст. Аз аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданашон ба тақдири нек бовар доштанд ва доранд. Агар ин матонату ҷасорат ва муҳаббат ба миллат дар ботини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд намедошт, истиқлолияти мо ба нобудӣ мерасид. Дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар таркибу низоми кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз ду нуқтаи меҳварӣ вуҷуд дорад, ки Истиқлолияти давлатиро торафт таҳким мебахшанд:
  • Бунёди ваҳдат ва устуворсозии иттиҳоди миллӣ
  • Муколамаҳо ва муносибати гарму судманд дар сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ
Неъматҳои 35 соли истиқлолият

Истиқлолияти давлатӣ давоми 35 сол барои мо мустақилона зистану андеша карданро ба вуҷуд овард. Чанд даҳсолаи соҳибистиқлолӣ собит кард, ки тоҷик миллати соҳибтамаддун аст ва дар пояи тамаддуни ғании бостонӣ зиста метавонад.
Истиқлолият на танҳо моро ба ҷаҳон муаррифӣ кард, балки гузаштаҳои моро барои худи мо муаррифӣ кард, ки дар ин масир дар таърих монеаҳои зиёд вуҷуд дошт. Истиқлолият адолати таърихиро барқарор кард ва аз қаъри ҳазорсолаҳо миллат фарзандони худро ва фарзандон миллати худро пайдо карданд.

Истиқлолият меҳру муҳаббати ватандӯстиро ба мо ҳадя карда, бароямон якҷоя паҳлуи ҳам зистанро омӯхт. Ангуштҳо ба мушт табдил ёфта, ҳама сангарҳо ба осонӣ пушти сар гаштанд ва мегарданд.

Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил олам эътироф кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон  ҷойи худро пайдо кард ва Тоҷикистон низ дар радифи бузургтарин абарқудратҳои ҷаҳон дар Созмони Милали Муттаҳид «як овоз"-и худро дорад.

Миллати тоҷик садсолаҳо дар ҳайати империяву салтанатҳои гуногун қарор гирифта, чунин муҳиту фазое вуҷуд дошт, ки гӯё муҷиби ҳастиву зиндагии мо дигарон мебошанд. Инак 35 соли истиқлолият нони бе миннат хӯрданро ба мо сабақ додаву медиҳад. Бо файзи истиқлолият имрӯз Тоҷикистон қудрату имкони ба дигарон кумак расониданро соҳиб гардидааст.

Истиқлолият он неъматест, ки инак 35 сол боз аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид Роҳбари давлати тоҷикон бо забони миллӣ сухан мегӯяд. Неъмати истиқлолият аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои аҳли башар муҳимтарин ташаббусҳо пешниҳод гардидаву қабул мегарданд.
35 соли соҳибистиқлолӣ собит кард, ки Тоҷикистон давлати  бунёдкору созанда аст. Фақат дар даҳсолаи охир дар кишвари мо ҳудуди 60 ҳазор иншооти хурду бузург ба истифода дода шудаанд, ки ин падида беназир мебошад. Тоҷикистон дар ин роҳ корҳоеро анҷом дод ва медиҳад, ки давлати абарқудрати шуравӣ натавониста буд.
Истиқлолият ватандӯстиро ба расму ойину анъана табдил дод, ки он торафт устувориву бақои давлатро таъмин менамояд. Ба таври рӯзафзун ватандӯстии ҳар фарди тоҷик ба сипари бузурге табдил меёбад. Агар чунин ватандӯстӣ дар гузашта вуҷуд медошт, баъзе омилҳо боиси ҳасрату надоматҳо намегаштанд.

Ҳифз ва таҳкими истиқлолият

Дар равандҳои муосири сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони муосир андаке ғафлат ва ноогоҳӣ метавонад, ки мавҷудияти ҳар халқу миллатро зери суол қарор диҳад. Мисолҳо зиёданд, ки ғафлату фирефташавӣ дар заминаи сиёсатҳои бегона давлатҳову кишварҳоро ба фоҷиаи «табартақсим» расонида истодааст. Бояд донист, ки дар асоси сиёсатҳои геополитикаи муосир ҳар кишвари тавонманд дар навбати аввал манфиатҳои худро пеш гузошта, баъдан зери пардаҳои тира мақсадҳояшро амалӣ менамояд. Барои пойдории истиқлолият чанд ҷиҳати умумӣ барои миллати мо хеле муҳим ба шумор мераванд:
  • Дар партави сиёсати ваҳдатгароёнаи Роҳбари давлат боз ҳам муттаҳид гардидан ва ба қадри неъматҳои истиқлолият расидан, ки он ҳама баъди ҳазор сол ба мо даст додааст.
  • Ба таври рӯзафзун боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдату иттиҳоди миллӣ, ки ҷой надоштани он заъфтарин нуқта барои амалӣ кардани сиёсатҳои ғаразнок ба шумор меравад.
  • Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, садоқату самимияти бештар пайдо кардан ба ватан ва таҳаммулгароиву ҷасорат доштан дар ҳифзи сулҳу амонии сарзамини аҷдодӣ, то ин ки ҳеҷ нотавонбине дар иҷрои мақсади нопок муваффақ нагардад.
  • Бо ҳама роҳу усул аз асолати гузаштаи миллӣ воқиф будан ва дар муаррифии он саҳм гузоштан. Зеро он ҳама чун саҳеҳтарин санад аз миллати бостонӣ будани тоҷикон дарак медиҳад.
  • Меҳнати софдилонаву пурсадоқат доштан ва ҳамаҷониба саҳм гузоштан дар рушд додани иқтисоди миллӣ, ки рақобатҳову ихтилофҳои минтақаву ҷаҳон торафт низомҳои иқтисодиро шикаста мегардонанд.
  • Бо замони муосир ҳамқадам будан, ба илму фанҳои замонавӣ рӯ овардан ва рушд додани фарҳангу маърифати миллӣ, ки дар асоси он аз равзанаҳои нав метавон Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
  • На танҳо барои имрӯзу фардо, балки барои ояндаҳои дур зистану заҳмат кашидан, то ба наслҳои оянда давлати пешрафтаву миллиро ба мерос гузорем.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий