< 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъат мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъат мегирад

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъат мегирад
​Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди 91 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин 70 кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Марв-сохтмон» бинои нави Литсейи физикӣ-математикии рақами № 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бунёд гардида истодааст.

Иншоот аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ба масъулин тавсия дода шуд, ки корҳои сохтмониро бо риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом диҳанд.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ бо дастгирии давлату Ҳукумат ва саҳми бахши хусусӣ нишонаи равшани татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.

Корҳои омодагӣ барои бунёди бинои иловагии Гимназияи рақами № 4 низ оғоз гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-сохтмон» дар назди ин гимназия бинои иловагӣ барои 1700 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифта буд.

Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд инчунин сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 26 идома дорад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои хонандагон шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон бо татбиқи лоиҳаҳои нав хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои № 7, № 11, № 14 ва Гимназияи рақами № 13 дар биноҳои нави ба талаботи замон ҷавобгӯ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Мақсади нек» барои 650 хонанда дар як баст ва кӯдакистони хусусӣ барои 120 нафар бунёд мешавад. Ҳамчунин сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистони хусусии «Ворисон» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша мактаб барои 160 хонанда ва кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ гардидааст.


Сарчашма:khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий