< 56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст

56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст
​ Дар шашмоҳаи якуми  соли 2026 56 корхонаи коммуналии мамлакат пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки фаъолияти низоми биллингӣ тавассути сервери мутамарказонидаи дастгоҳи марказии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба таври доимӣ назорат карда мешавад.

Таъкид шуд, ки иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши муҳим дорад.

Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки давра ба давра корхонаҳои коммуналии мамлакатро ба ин низом пайваст намояд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 корхонаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и низоми Кумита ба истифодабарандагон ба маблағи 145 миллиону 694 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонидаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025    18 миллиону 392,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 114,4 фоизро ташкил медиҳад.

Сарчашма:khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий