< Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шуд

Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шуд

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, бар асари фаромадани тарма муваққатан баста шудааст. Айни ҳол ҳаракати ҳамагуна нақлиёт дар ин масир манъ мебошад.

Далери Абдуллоҳ, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо сабаби фаромадани тармаҳои калон ҳаракати ҳама намуд нақлиёт тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан манъ шудааст. Маълум нест, ки роҳ кай боз мешавад.

Ба гуфтаи Далери Абдуллоҳ, кормандони ширкат дар километри 55-уми ин шоҳроҳ мусофирон ва ронандаи мошинеро, ки зери тарма монда буд, наҷот доданд. "Ин аввалин тармафароь дар мавсими имсола маҳсуб шуда, дар ин вақти сол ғайриинтизор низ ҳаст",-афзуд вай. Далери Абдуллоҳ паҳнои тармаро 6 метр ва баландии онро беш аз 20 метр гуфт.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати IRS, дар километри 62-юми ин шоҳроҳ низ мусофирон ба чунин мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ин ширкат ҳамзамон аз сокинон хостааст, ки ҳангоми сафар аз эҳтиёт кор бигиранд ва талаботро риоя кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий