< ДАВЛАТБЕК ХАЙРЗОДА –МУОВИНИ СОБИҚИ РАИСИ АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ АЗ МАҲБАС ОЗОД ШУД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАВЛАТБЕК ХАЙРЗОДА –МУОВИНИ СОБИҚИ РАИСИ АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ АЗ МАҲБАС ОЗОД ШУД

ДАВЛАТБЕК ХАЙРЗОДА –МУОВИНИ СОБИҚИ РАИСИ АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ АЗ МАҲБАС ОЗОД ШУД

Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки дар соли 2017 ҳамроҳ бо 12 афсари дигари баландпояи ин агентӣ дастгир ва ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум шуда буд, шоми 29 ноябр бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад. Боздошти он 13 афсар як ҳодисаи нодиру бесобиқае дар набарди мақомоти Тоҷикистон бо коррупсия унвон мешуд. Бино ба иттилои сомонаи "Ахбор”, дар чорчӯби маъракаи афв шояд як қисми дигар аз мансабдорони собиқии Агентии зиддифасод низ ба озодӣ бароянд.

Манобеи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро рӯзи ҷумъаи 29 ноябр соати 17 аз зиндон ҷавоб доданд ва ӯ ҳоло дар шаҳри Ваҳдат дар канори наздиконаш дар озодӣ қарор дорад.

Давлатбек Хайрзода намояндаи авлоди дар минтақаи Ваҳдат пурнуфузи Хайровҳо мебошад, ки тиҷоратҳои асосӣ дар ин шаҳрро дар даст доранд ва ҳатто дастаи футболи шаҳри Ваҳдат ба номи ҳамин авлод "Хайр” номгузорӣ шудааст.

Давлатбек Хайрзода аз моҳи марти соли 2015 муовини раиси Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон буд ва моҳи январи соли 2017 аз ҳамин мақоми баланд ба нафақа рафт.

Аммо баъди ҳамагӣ чанд моҳи даврони пирӣ рондан рӯзи сиёҳе ба сари ин мансабдори дар гузашта баландпоя омад.

Моҳи апрели соли 2017 дар Тоҷикистон як маъракаи дар таърихи ин кишвар нодиру бесобиқаи мубориза бо коррупсия ба роҳ андохта шуд ва дар байни чанд ҳафта якбора 13 мансабдори баландпоя, аз ҷумла 10 мансабдори собиқу фаъоли Агентии мубориза бо коррупсия, ду корманди гумрук ва як корманди Додситонии кулл, ки ин се нафар ҳам қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекарданд, бо иттиҳомоти сангине, чун порахӯрӣ, сохтакории парвандаҳо, қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом дастгир шуданд.

Давлатбек Хайрзодаро рӯзи 20 апрели соли 2017 дар фурудгоҳи Хуҷанд замоне дастгир карданд, ки ӯ мехост тарки қаламрави Тоҷикистон кунад. Аммо Қутбиддин Хайров, ки бародари калониашро дар фурудгоҳ гусел мекард, гуфт, ки ӯ ягон қасди фирор надошт, балки "барои ягон ҳафта” барои табобати дарди ҷигар, меъда ва талхадонаш ба осоишгоҳи Минводии Русия мерафт.

Ба дунбол, писари Хайрзода – Фирӯз аз мақоми ёвари додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор карда шуд. Расонаҳо хабар доданд, ки Давлатбек Хайрзода баъди шунидани хабари боздошти зердастони собиқаш дар ҷустуҷӯи роҳҳои фирор аз Тоҷикистон чанд рӯз дар манзили писараш Фирӯз дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров пинҳон шуда, бо кумаки ӯ мехост тарки кишвар кунад ва ба ҳамин далел Фирӯз Хайрзодаро аз кор ронданд. Вале баъдан эълон шуд, ки гӯё ҳангоми кофтукоби манзили падараш шиносномаи русии Фирӯз Хайрзодаро пайдо кардаанд ва ба ҳамин далел, ки шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи кор кардан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро надорад, ӯро аз кор гирифтанд.

Баъди боздошти Хайрзода сарусадоҳое бархост, ки ҳангоми кофтукоб аз манзили модари Хайрзода дар дараи Ромит пули зиёд ёфтаанд. Ҳаҷми пулҳои ёфтшуда аз 800 ҳазор то 3 миллион доллар гуфта мешуд. Аммо бародари ӯ Қутбиддин Хайров ин сарусадоҳоро бепоя номида, гуфт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ин қадар пул надоштанд.

Алакай дар поёни моҳи июли соли 2017 Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як мурофиаи пушти дарҳои баста Давлатбек Хайрзодаро ба 10 соли 7 моҳи зиндон ва сардори гумруки шаҳри Хуҷанд Фаридун Беназирзодаро ба 10 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Моҳи сентябри ҳамон сол Додгоҳи олӣ 10 мансабдори дигари собиқи Агентии мубориза бо коррупсияро низ аз 7 то 15 сол маҳкум кард.
Аз ҷумла Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари раёсати тафтишоти Агентӣ ва раҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов ба 15 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ҳамчунин барои 5 соли дигар аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум сохт.

Фирдавс Абдулғаффорзода (Мирзобадалов), собиқ сардори шуъбаи якуми тафтишоти Агентӣ ба 13 сол, Амиршо Султонзода, собиқи сардори шуъбаи тафтишоти раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва додарарӯси вазири собқи саноат ва энергетика Шералӣ Гул ба 10 сол, Қосим Саидзода, собиқ сардори шуъбаи мубориза бо коррупсия дар нақлиёт ба 7 сол маҳкум шуданд.

Аз байни ин ҳама танҳо ба Умед Камолзода, писари генерал Саиданвар Камолов ва корманди собиқи Агентӣ муяссар шуд, ки аз тафтишот фирор кунад. Ӯ то ҳол дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий