ГОВДУЗД БА ДАСТ АФТОД
28.09.2019 шаҳрванд Раҳмонов Пирмаҳмад Абдуалиевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Сурх, деҳ. Саргах ба ШВКД ноҳияи Ёвон муроҷиат намуд, ки санаи 09.09.2019 сол тахминан соати 12.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз фермаи чорводорӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷ/д Обшорон 4-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 38.000-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Тухтаев Шерзод Қудратуллоевич 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Обшорон, деҳ. Қайнама, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад. ВКД
Комментарии (0)