
24.09.2019 шаҳрванд Маҳмадёрова Бибиҳилола Маҳмадқуловна 1969 с/т истиқоматкунандаи кӯч. А.Ғуломов х.53/4, ҳ.52 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 23.09.2019 сол тахминан соати 19:00 дақиқа дар кӯчаи А.Гуломов назди бинои №13 шахсони номаълум, писараш, Иброҳими Шахзод Маҳмад 2002 с/т, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №92, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва рафиқаш, Расулов Комрон Файзуллоевич 2001 с/т, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №92, истиқоматкунандаи кӯч. Б.Ғафуров х.8, ҳ.9-ро аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб карор дода, бо олоти халандаю буранда як маротиба ба кисмати рони пои рости ноболиғ, Иброҳими Ш.М. ва ду маротибаи дигар ба қисмати шиками ноболиғ, Расулов К.М. зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Шифобахш»-и ш.Душанбе бистарӣ шудаанд. Хангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғон: Ҳамидов Маснавӣ Диловаршоевич 2002 с/т, намехонад, истиқоматкунандаи кӯч. Ҳ.Нав х.264/16, ва Сайфуллоев Фирдавс Алихонович 2002 с/т, намехонад, истиқоматкунандаи кӯч. А.Ғуломов х. 2/3, ҳ.6 содир намудаанд. Барои дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)