
24.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қундузов Равшанбой Қурбонбоевич 1978 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Спитамен, ҷ/д Т.Ӯлҷабоев, деҳ. Сомғар дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 17.09.2019 сол тахминан соатҳои 02.00 дақиқа бо мақсади дуздӣ ба ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Шокиров Тоҳир Холматович 1970 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Гулхона, кӯч. Р.Содиқов даромада, дар он ҷо бо шаҳрванд Шокиров Т.Х. дарафтода, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба пойи чапи охирон зада, аз кирдори худ қонеъ нашуда, боз як маротибаи дигар бо воситаи каланд ба сараш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Шокиров Т.Х. мувофиқи маълумотномаи ТСТ зарари миёна ба саломатиаш бардошта, дар БМ н.Ҷ.Расулов бистарӣ гардидааст. Нисбати шаҳрванд Қундузов Р.Қ. парвандаи ҷиноятӣ бо мод.111 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)