Танҳо 10% -и мактабҳои Қазоқистон ба Интернети "хуб" пайваст будаанд
"Таҳлили мо нишон медиҳад, ки суръати Интернет дар 6414 ё 90,61 дарсади мактабҳо ба тавсияҳо мувофиқ нест", - изҳор дошт Мусин.
Тавре аз гуфтаҳои вазир бармеояд, дар Қазоқистон то ҳол мактабҳое ҳастанд, ки ба Интернет пайваст нестанд. Ба гуфтаи вазир, мактабҳое, ки ба Интернет пайваст нестанд, дар минтақаҳои дурдаст ҷойгир ҳастанд. Дар Алмато ду мактаб ва дар Остона як мактаб Интернет надоранд.
Вазир инчунин хабар дод, ки ҳамасола то декабри соли 2024 барои баланд бардоштани суръати Интернет дар Қазоқистон 3,6 миллиард танга лозим аст.
Комментарии (0)